Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон дар сӯги Нелсон Мандела


Раҳбарони ҷаҳон даргузашти Нелсон Мандела, чеҳраи озодихоҳ ва раҳбари ҷунбиш алайҳи табъизи нажодӣ дар Африқои ҷанубиро тасаллият гуфтанд.

Нелсон Мандела рӯзи панҷшанбе бар асари бемории шуш дар сини 95-солагӣ даргузашт ва раиси ҷумҳури он кишвар ин рухдодро марги "падари мардум" -и он сарзамин хонд. Нелсон Мандела, ки барои мубориза бо нажодпарастӣ дар Африқои ҷанубӣ 27 соли умри худро дар зиндон сипарӣ карда буд, соли 1994 ба раёсати ҷумҳурӣ расид ва соли 1999 аз қудрат канор рафт.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар паёми тасаллияти худ оқои Манделаро инсоне "саропо хубӣ" тавсиф кард, ки "эҳтмолан назири ӯро дубора нахоҳем дид". Ӯ ҳамчунин аз Мандела ба унвони қаҳрамони идеалии худ ёд кард, ки дар роҳе ки аз зиндон то ҷойгоҳи раёсати ҷумҳури тай кард, сабаби дигаргунии Африқои ҷанубӣ шуд ва "ҳама моро ба ҷунбиш водошт".

Бо дастури Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ба хотири эҳтиром ба Нелсон Мандела парчами давлатии болои Кохи Сафед нимапойин карда шуд. Дар суханронии худ дар робита ба даргузашти муборизи бо нажодпарастӣ Обама гуфт, ки сайёра яке аз бонуфузтарин ва қавитарин фарзандони худро аз даст дод.

Шимон Перес ва Бенямин Нетаняҳу, раиси ҷумҳур ва нахуствазири Исроил низ дар паёмҳои худ ба шахсияти Мандела адои эҳтиром карданд. Дар паёми раиси ҷумҳури Исроил аз Мандела ба унвони шахсияте ёд шудааст, ки "пулҳои сулҳ ва гуфтугӯ"-ро бино кард ва бо солҳое, ки дар зиндон гузаронд, баҳои сангине барои мубориза ба хотири мардуми худ пардохт."

Шимон Перез ва Нелсон Мандела ҳар ду барандагони ҷоизаи сулҳи Нобел ҳастанд. Мандела дар соли 1992 ба ҳамроҳи Ф.В.де Клерк, охирин раиси ҷумҳури режими апартеид, ин ҷоизаро соҳиб шуд ва Шимон Перес низ як сол баъд аз он ба ҳамроҳии Ёсир Арафот, раҳбари фақиди Созмони озодибахши Фаластин ва Исҳоқ Робин, нахуствазири пешини Исроил, ки ҳадафи террор қарор гирифт.

Аммо Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин, Манделаро "намоди озодӣ аз истеъмор ва ишғол" номидааст. Дар паёми Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин омадааст: "Ин талафоти бузурге барои ҳама мардуми ҷаҳон ва барои Фаластин аст... мардуми Фаластин ҳаргиз баёнияи таърихии ӯро фаромӯш намекунанд, ки мегуфт, инқилоби Африқои ҷанубӣ то вақте, ки Фаластин озод нашудааст, ба аҳдофи худ даст нахоҳад ёфт."

Мандела, ки дар соли 1999 аз сарзаминҳои Исроил ва Фаластин боздид кард, аз ҳомиёни сарсахти аҳдофи фаластиниҳо буд, ки ба қаҳрамони онҳо табдил шудааст.

Маликаи Бритониё, Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, Далай Лама, раҳбари ҳукумати дар табъиди Тибет, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон, аз дигар раҳбарон ва чеҳраҳое ҳастанд, ки даргузашти Нелсон Манделаро тасаллият гуфтаанд.

Нелсон Мандела, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ва раҳбари пешини Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, рӯзи 15 декабр дар зодгоҳаш деҳаи Куну макони охират пайдо хоҳад кард.

Марги қаҳрамон. Африқо бе Мандело чӣ хоҳад кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:55:01 0:00
XS
SM
MD
LG