Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар талаби ризқ бо навои "Гурӯғлӣ"


Вақте шумо дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезанед ва ё аз гузаргоҳи зеризаминӣ убур мекунед, аз байни ҳаёҳӯйҳои кӯча, садои фурӯшандаҳо, мошину ҳуштаки пулис таронаҳое низ ба гӯшатон мерасанд.

Ин ҳама дар якҷоягӣ чун навои Душанбе садо медиҳад. Ҳама ба навъе мехоҳанд пуле ба даст биёранд ва осиёби зиндагиро бичархонанд. Мӯйсафеди 77-сола Ислом Наҷмиддинов ҳар ду ҳафта, беш аз сад километрро тай мекунад ва худро ба пойтахт мерасонад. Ӯ дар гузаргоҳи зеризаминии “Садбарг” дутор мезанад ва бо садои барои насли нави тоҷикон ноошно, "Гурӯғлӣ" ё қиссаҳои қаҳрамонӣ месарояд.

Ӯ аз ин ҳунарнамоӣ рӯзе аз 20 то 40 сомонӣ фоида ба даст мерад ва зоҳиран аз даромадаш қаноатманд аст. Вақте Бобои Ислом “ Гурӯғлӣ” месарояд, раҳгузарҳо каме ба шеваи таронахонии ӯ гӯш медиҳанд, саховатмандҳо ба локии мӯйсафед як-ду сомонӣ мепартоянд, дигарҳо садоҳои дигар дар гӯш ӯро ношунида мегузаранд

Бобои Ислом эпоси “Гурӯғлӣ”, ки дар гузаштаи начандон дур шабу рӯз аз радиову телевизион садо медод, 30 достон ва 100 ҳазор мисра аз ёд медонад. Ҳоло ин навъи таронасароӣ чандон роиҷ нест. Олимон гуфтаанд, ки ин моли форсизабонҳо нест. Аммо барои Бобои Ислом фарқ надорад, ки “Гурӯғлӣ” моли кист. Ӯ фақат ҳаминро медонад, гурғулисароӣ имрӯз ӯ ва оилаашро дар ноҳияи Данғара мехӯронад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG