Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳбандии Ҷоми ҷаҳонии 2014 дар Бразил


Маросими қуръакашии бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии 2014-Бразил, рӯзи гузашта баргузор шуд.

Маросими қуръакашии гурӯҳбандии Ҷоми ҷаҳонии 2014-Бразил бо ҳузури намояндагони кишварҳои ширкаткунад ва ҳамчунин теъдоде аз бозикунони машҳури ҷаҳон анҷом шуд. 32 дастаи ҳозир дар ин рақобатҳо ба 8 гурӯҳ 4 тими тақсим шуда ва бо ҳам рақобат мекунанд.

Раддабандии ин рақобатҳо ба тартиби зерин аст:

Гурӯҳи А: Бразил-Камерун-Мексика-Хорватия
Гурӯҳи B: Испания-Чилӣ-Австралия-Ҳоланд
Гурӯҳи C: Колумбия-Соҳили Оҷ-Ҷопон-Юнон
Гурӯҳи D: Уругвай-Италия-Костарика-Бритониё
Гурӯҳи E: Шведсария-Эквадор-Гондурас-Фаронса
Гурӯҳи F: Аргентина-Нигерия-Эрон-Босния
Гурӯҳи G: Олмон-Ғана-Амрико-Португалия
Гурӯҳи Н: Белгия-Алҷазоир-Кореяи ҷанубӣ-Русия

Коршиносони соҳаи футбол гурӯҳи чаҳорумро, ки дар он Уругвай, Коста-Рико, Италия ва Бритониё шомил мебошанд, яке аз сахтарин гурӯҳҳо медонанд. Гурӯҳи ҳаштумро, ки дар он Белгия, Алҷазоир, Кореяи ҷанубӣ ва Русия ба ҳам рақобат мекунанд, гурӯҳи аз ҳама осон ва ё содда мехонанд.

Бозии ифтитоҳии Ҷоми ҷаҳонӣ дар таърихи 12-уми июн дар шаҳри Сао-Пауло миёни дастаҳои Бразил ва Хорватия баргузор мешавад ва бозии ниҳоӣ рӯзи 13-уми июл дар шаҳри Рио де Ҷанейро баргузор хоҳад шуд. Ин барои бори дувум аст, ки кишвари Бразил Ҷоми ҷаҳонии футболро мизбонӣ мекунад. Мусобиқот дар дувоздаҳ шаҳри ин кишвар баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG