Пайвандҳои дастрасӣ

Алайҳи Анатолий Сердюков расман иттиҳом эълон шуд


Анатолий Сердюков, собиқ вазири дифои Русия, расман дар бемасъулиятӣ, ки зиёни бузургро ба думбол доштааст, айбдор шуд.

Владимир Маркин, намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия дар ин бора рӯзи ҷумъа, 6 декабр, хабар дод ва гуфт, ки вазири собиқ аз додани баёнот сарпечӣ кардааст. Рӯзи 28 ноябр алайҳи Анатолий Сердюков аз рӯи парвандаи бемаъсулитӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.Баъдан муфаттишон гуфтанд, ки шояд ин иттиҳом ба банди муҷозоташ сангинтар - "сӯиистифода аз мансаб" иваз карда шавад.

Замони вазири дифоъ будани Анатолий Сердюков миллиардҳо рубли аз буҷаи Русия барои хароҷоти низомӣ ҷудошуда рабуда шуданд.
XS
SM
MD
LG