Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Амрико


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо сафири Амрико дар Тоҷикистон, мулоқот кардааст. Ба навиштаи торнамои расмии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ зуҳри рӯзи ҷумъаи 6-уми декабр сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотро ба ҳузур пазируфт. Ба навиштаи манбаъ, ҷонибҳо интихоботи гузаштаи президентии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода ва доир ба вазъи баъд аз интихоботии кишвар гуфтугӯ намудаанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди ҳамкорӣ бо ҳизбҳо ва ҷомеа шаҳрвандӣ сӯҳбат кардаанд. Сафири Амрико дар Тоҷикистон дар ин мулоқот пешбарии зан аз ҷониби ҲНИТ ба мақоми президентиро мусбат арёбӣ кардааст. Хотиррасон мешавем, ки дар интихоботи гузаштаи президентӣ дар Тоҷикистон, ҲНИТ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ кард, аммо бинобар ҷамъ наовардани имзоҳои матлуб, аз сабқат берун монд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG