Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳбарони чанд макотиби олӣ иваз карда шуд


Президенти Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр бо судури фармонҳо чанд роҳбари ниҳодҳои давлатиро дар самти илм ва маориф аз вазифа сабукдӯш намуд ва чанде аз онҳоро ба дигар вазифа гузаронд.

Аз ҷумлу Ҳукматулло Аҳмадов аз вазифаи президенти Акдемияи улуми кишоварзии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан озод карда шуд. Ба мансаби роҳбарии ин ниҳод Иззатулло Сатторӣ, ки то ин замон ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буд таъйин гардид. Ректори донишгоҳи кишоварзӣ Амонулло Салимов, ки то ин вақт муовини ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон доир ба таълим буд, таъйин гардид.

Бо фармони раиси ҷумҳур Раҳматулло Мирбобоев аз вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод гардида, муовини якуми вазири маориф ва илм таъйин карда шуд. То ин замон Фарҳод Раҳимов муовини якуми вазири маориф буд, ки бо фармони раиси ҷумҳур президенти Академияи улум таъин шуд.

Ҳамчунин бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Ҳамдам Тағоймуродов аз вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова аз вазифаи сардори Саридораи бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон бо сабаби ба корҳои дигар гузаштан озод карда шуданд.

Ба вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Абдусамад Раҷабов таъин карда шуд.

Бо фармнри президент Анвар Абдурасулов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ озод карда шуд. Ба инвазифа Ҳайдар Одинаев, ки қаблан Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар Тоҷикистон буд, таъйин гардид.

Раҷабмад Амиров бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон озод карда шуд. Фароғат Азизӣ ба мансаби ректори консерваторияи миллӣ таъйин шуд. Хонум Азизӣ то ин замон муовини вазири фарҳанг буд.

Абдулҳамид Нозимов аз вазифаи мудири шуъбаи илм ва маорифи дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷкистон озод карда шуда, директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар Тоҷикистон таъйин гардид.
Ашурбой Солиев Ректор Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ҳамчунин Рустам Азизов аз вазифаи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, ба ҷойи ӯ ба ин вазифа Мухтор Фозилов таъин карда шуд. Рустам Ҷалилов аз вазифаи ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуд. Ба ин вазифа Хайрулло Назаров таъин гардид.

Бо як фармони дигари президент Назар Назаров директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” таъин карда шуд.
Ҳамчунин роҳбарони мактабҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияҳои Данғара ва Бохтари вилояти Хатлон иваз карда шудаанд.
XS
SM
MD
LG