Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Қоида" худро масъули ҳамла ба вазорати дифои Яман эълон кард


Бахши ямании шабакаи “Ал-Қоида” масъулияти ҳамла ба вазорати дифои Яманро бар дӯш гирифт. Бар асари ин ҳамла, ки рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Санъо сурат гирифт, дасти кам 52 нафар кушта шуданд.

“Ал-Маллаҳам”, як бахши гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб”, дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод, ки ин амалиёт - вокуниш ба хабари аз сӯи вазорат дар ихтиёри мутахассисони амрикоӣ гузоштани чанд утоқ, аз ҷумла, утоқи махсус барои назорати зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин, буд. Дар изҳорот “ситодҳое, ки аз сӯи амрикоиҳо ба хотири муборизаашон бо кишварҳои мусалмонӣ истифода мешаванд”, ҳадафҳои “қонунӣ” унвон шудаанд.

Ҳамла ба вазорати дифои Яман рӯзи панҷшанбе аз таркиши мошин шурӯъ шуд ва ба думболи он даргирии шадид ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG