Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ман омӯзгор ҳастам ё фурӯшанда?»


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хонандае, ки худро «Омӯзгор» муаррифӣ кардааст, дар мактубе ба унвонии "Озодӣ" навиштааст, ки баъзе мактабҳои ҳамагонӣ ба нуқтаи фурӯши маҷаллаву ҳафтаномаҳо табдил шуда ва пулҷамъкунӣ аз хонандагон ба раванди дарс халал мерасонад.

Ин омӯзгор, ки худро аз шаҳри Панҷакент ном бурдааст, дар мактуби худ аз маҷбуран овардани маҷаллаву ҳафтаномаҳои даврӣ ба мактаб барои фурӯш шикоят карда, дар идомаи мактуб навиштааст, ки «ман омӯзгор ҳастам ё фурӯшанда?». Ҳарчанд ин омӯзгор номи маҷаллаву рӯзномаҳое, ки «маҷбурӣ» ба онҳо меоранд ном набурдааст, аммо навиштааст, «рӯзе нест, ки ба мактаб чиптаҳои консерт, кино, намоишномаҳо, китобу маҷаллаҳои гуногунро барои фурӯш наоранд.»

Мактуби ин омӯзгор зери унвони "Таълимгоҳ ё фурӯшгоҳ" чунин аст:

"Аз хурдӣ бо пул сарукор доштанро намеписандидам. Падарам дар соҳаи савдо кор мекарданд ва ҳар бегоҳ баъди кор 2-3 соат ҳисобу китоб мекарданд. Ман бо саволҳои кӯдакона ва (акнун мефаҳмам) ноҷои худ сари падарамро гич мекардам. Вай ба ҷавоби саволҳои нимгурунгосе ё ба тариқи тасдиқ сар меҷунбонид. Аммо ман ҳис мекардам, ки падарам дар олами дигар аст.

Бо ақли соддаи кӯдакона фикр мекардам: Чаро одамон чизҳои лозимиашонро бепул намегиранд? Чаро барои ҳар чиз пул додан лозим? Агар пул намебуд падарам чути худро ба тарафе гузошта, бо одати хеле бароям писанд тоқияшро каме яктарафа мекарду маро дар сари зонуяш шинонда саволборон мекард…

Солҳо мегузаштанд. Ман низ калонтар шудам ва хамин, ки падарам аз кор меомад, ҳамроҳи ӯ ба ҳисобу китоб шурӯъ мекардам.

-Ту ҷавони баҳуш ҳастӣ, иншоаллоҳ ҳисобчии хуб ё касир мешавӣ, мегуфт ӯ. Аммо намедонист, ки ман аз кӯдакӣ дар дили худ қарор дода будам, ки ҳеч гоҳ дар соҳаи савдо кор намекунам. Баъди хатми мактаб ба аҳли хонавода омӯзгор мешавам гуфта эълон намудам. Ҳарчанд бо шунидани ин хабар тарбуз аз бағали падарам афтод, ӯ эътироз накард ва фотиҳаи роҳи сафед дод. Донишгоҳро бо муваффақият ва сарбаландӣ хатм намудам. Бо кӯдакон кор карданро дӯст медорам. Ба назарам чунин менамояд, ки аз дастам ба ғайр аз муаллимӣ дигар коре намеояд.

Ба шодию мушкилиҳои фарзандони мардум, ки бароям хеле наздик ҳастанд, шарик будан ва онҳоро таълиму тарбия намудан бароям ифтихор аст. Вале мутаассифона, даргоҳи муқаддаси таълиму тарбияи атфол ба майдони бизнес ва ҷамъоварии маблағ табдил ёфтааст. Рӯзе нест, ки ба мактаб чиптаҳои консерт, кино, намоишномаҳо, китобу маҷаллаҳои гуногунро барои фурӯш наоранд. Дарсе нест, ки бо суханони «пули чиптаҳоро ҷамъ кардед?», «чанд кас пул надод?», «чаро пул наовардӣ?» сар нашавад.

Худ ба худ суол медиҳам, ки куҷо шуд он «Қонуни маориф», ки ҳимоягари манфиатҳои омӯзгорон ва шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд аст? «Ман омӯзгор ҳастам ё фурӯшанда?», «Бо айби кӣ ё кадом муассиса муаллимон, тарбиятгари ҷомеаи инсонӣ ба проблемаи чиптаву маҷаллафурӯшӣ гирифтор гардидаанд?»

Мумкин шумо мегӯед, ки ҳамаи ин корҳо барои тарбияи зебопарастӣ , ватандустӣ, ифтихори миллӣ ва ғайра лозиманд. Вале кист он танзимгари намоишномаҳо ва кинофилмҳои бесифат, ки барои тарбияи насли наврас тавсия мешаванд? Омӯзгорони азиз, ҳампешагони гиромӣ аз кӣ посух гирифтан мумкин бошад!

Омӯзгор. шаҳри Панҷакент."


Бо ин мактуби худ, ин омӯзгор хостааст масъулони дахлдор сади роҳи ин мушкилӣ шаванд, то хонандагон дар ҳангоми дарсхонӣ дар фикри овардани маблағи кадом як чиптаву маҷаллае нашаванд.

Вале масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ҳеҷ мактаберо барои маҷбуранд обунашудану харидани кадом китобҳои ғайри дарсӣ маҷбур намекунанд. Маҳмудхон Шоев, сухангӯи Вазорати маориф гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳоло бештар аз 20 маҷаллаву ҳафтаномаи кӯдакона аст ва онҳо ҳеҷ мактаберо вобаста намекунанд, ки ин маҷаллаҳоро ба хонандагон фурӯшанд. Шоев гуфт «ҳар хонанда ихтиёр дорад, ки ба кадом маҷаллае обуна шавад».

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Шоев, обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои расмии ҳизбиву ҳукуматӣ, назири «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ» ва нашрияҳои дигар ниҳодҳои давлатӣ, ки баъзе омӯзгорон аз маҷбуран обунашаваӣ шикоят мекунанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад.
XS
SM
MD
LG