Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми олии Имороти Муттаҳидаи Араб


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми олии Имороти Муттаҳидаи Араб оид ба гуштии размии ҷиу ҷитсу дар Дубай ду медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии “Emirates Super Cup” ба ҷуз мизбонон, варзишгарони Бразилия, Бритониёи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Миср, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Фаронса ва ғайра ширкат доштанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду нафар - Комил Боймуродов дар вазни то 76 кг ва писарамаки ӯ Фаррух Боймуродов дар вазни то 70 кг намояндагӣ карданд. Фаррух, ки бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад, бо медали тилло сарфароз гашт.

Комил бошад, мақоми дувумро касб намуда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Комилу Фаррух донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ - иқтисодии Санкт Петербург дар Дубай мебошанд ва дар вақти холии худ ба ҷиу ҷитсу, ки як навъи варзишҳои размии бразилист, машғул мешаванд.

Комил Боймуродов соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷиу ҷитсуи ҷаҳон дар Дубай мақоми дувумро касб карда, бо нишони нуқра сарфароз шудааст. Ба ҷуз ин дар мусобиқаи ҷиу ҷитсу «Arabian Gulf”, ки чанд муддат пеш дар Дубай баргузор шуда буд, Комил медали тилло ва Фаррух медали нуқра ба даст овардаанд.

Инчунин Фаррух Боймуродов имсол ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст. Комил Боймуродов бошад, бо медали биринҷии мусобиқаи қитъавӣ мукофотонида шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG