Пайвандҳои дастрасӣ

Киев мизбони мулоқоти вазирони хориҷа ва саҳнаи эътирозҳо


Дар ҳоле, ки дар Украина тазоҳуроти эътирозӣ идома дорад, ин кишвар мизбони дипломатҳои баландпояи хориҷист. Рӯзи панҷшанбе дипломатҳои ғарбӣ дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи САҲА дар Киев ширкат ҷустанд. Онҳо аз ҳукумат хостанд, ки ба эътирозгарон эҳтиром қоил шавад.

Виктория Нуланд-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки “ҳукумат бояд ба садои мардуми худ гӯш диҳад”. Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон аз фишори иқтисодӣ ба Украина интиқод кард.

Микола Азаров-нахуствазири Украина гуфт, ки ҳукумати вай омода аст бо мухолифон ба музокира биншинад, вале изҳор дошт, ки “нируҳои тундрав” биноҳои ҳукуматиро дар Киев ба муҳосираи худ даровардаанд.

Мухолифон истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи зудрасро тақозо мекунанд, зеро ин ҳукумат ба мувофиқатномаи ҳагароӣ бо Иттиҳодияи Аврупо имзо нагузоштааст.
XS
SM
MD
LG