Пайвандҳои дастрасӣ

Дар порламон аъзои кобинаи нави Тоҷикистон баррасӣ мешаванд


16 декабр дар шаҳри Душанбе иҷлоси муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Милли Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин иҷлос намояндагони ҳар ду маҷлиси порламон фармонҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таиноти нав ва барканорӣ аз мақомҳоро баррасӣ мекунанд ва ба тасвиб мерасонанд.

Аъзои нави кобина дар ҳамин иҷлос бояд ба тасвиб расанд.

Дар бораи даъвати иҷлоси ғайринавбатии Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон 5 декабр фармон содир кард. Вай баъд аз пирузӣ дар интихоботи 6 ноябр кобинаи нави худро ташкил кард ва акнун барои тасвиб ба порламон пешниҳод мекунад.
XS
SM
MD
LG