Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дипломатҳои русро барои фиреби молӣ муттаҳам кард


Нишони вазорати адлияи Амрико
Нишони вазорати адлияи Амрико
Додситонҳои Амрико 49 дипломати пешин ва кунунии Русия ва хонумҳои онҳоро муттаҳам кардаанд, ки онҳо 1,5 миллион доллар пулҳои хайрияро, ки барои барномаҳои беҳдоштӣ ва барои кӯмак ба бенавоён пешбинӣ шуда буд, бо фиребу дурӯғ моли худ кардаанд.

Ин иттиҳомотро рӯзи панҷшанбе додгоҳи Манҳеттен эълон кард. Додситонҳо гуфтаанд, ки ин афрод мунтазам дархостҳои дурӯғ фиристодаанд, ки гӯё барои занони ҳомила, барои таваллуд ва парастории кӯдакони ятим маблағеро ихтисос диҳанд. Вале ин пулҳоро барои харидории зару зевар, либосҳои гаронбаҳо ва истироҳат дар тафреҳгоҳҳои бошукӯҳ сарф мекардаанд.

Сафорати Русия дар Вашингтон гуфтааст, ки ба дурустии ин иттиҳомот шак дорад.
Ин дипломатҳои рус ва хонумҳои онҳо дар намояндагиҳои Русия дар Амрико ва ё дар консулгариҳо кор мекардаанд. Бино ба гузоришҳо, дипломатҳо аз масъунияти дипломатӣ бархӯрдоранд ва бояд барои боздошти онҳо дастур содир шавад.
XS
SM
MD
LG