Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Яман шумораи қурбониёни ҳамла ба 52 нафар расидааст


Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки дар як силсила ҳамлаҳо ба бинои вазорати дифои Яман дар Санъо 52 нафар кушта шудаанд. Кормандони тиббӣ низ дар миёни кушташудагон ҳастанд. 167 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамлаи ҳамоҳангшуда замоне шуруъ шуд, ки як маргталаб мошини бамгузоришудаи худро ба яке аз деворҳои бинои вазорат зад ва ба ин тартиб роҳро барои афроди мусаллаҳ боз кард. Ин афрод ба бинои вазорат ҳамла бурданд.

Мақомот мегӯянд, ки ҳамлакунандагон дар дохили бинои вазорат шифохонаи низомиро ҳадаф қарор додаанд ва дар ин ҳамла 6 табиб кушта шудаанд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандони Олмон будаанд. Дар миёни кушташудагони дигар низ шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд.

Вазорат дар эъломияе гуфтааст, ки назорат бар биноро дубора дар ихтиёр гирифтааст. Дар ин эъломия ҳамчунин омадааст, ки аксари ҳамлакунандагон ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG