Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Молдова забони "молдовӣ" ба забони "румонӣ" табдил ёфт


Александру Танасе, раиси Додгоҳи Қонуни Асосӣ
Александру Танасе, раиси Додгоҳи Қонуни Асосӣ
Ҷумҳурии Молдова забони румониро забони миллии худ эътироф кард.Додгоҳи Қонуни Асосии ин кишвар рӯзи панҷшанбе тасмим гирифт, ки номи забони молдовӣ, ки дар замони Шӯравӣ забони расмии Молдова буд, акнун иваз ва ба ҷои он забони румонӣ навишта шавад.

Молдова соли 1991 истиқлоли худро ба даст овард ва эълон кард, ки забони румонӣ забони нави давлатии кишвараш аст. Вале дар соли 1994 дар Қонуни Асосӣ ин забонро дубора забони молдовӣ навиштанд.

Александру Танасе-раиси додгоҳи Қонуни Асосии Молдова эъломияеро дар ин бора мунташир сохт. Аммо куммунистҳои Молдова, ки нируҳои мухолифи давлат дониста мешаванд, аз ин тасмим интиқод карданд.

Молдова то соли 1940 як бахши Руминия буд, вале дар он сол ба Шӯравӣ пайваст ва номи забонро “молдовӣ” эълон кард.

Траян Басеску-раиси ҷумҳури Руминия рӯзи панҷшанбе ин тасмими Молдоваро “пирӯзии адолат” арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG