Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир боздошт шуд


Дафтари матбуотии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст, ки кормандони ин кумита Маҳмадҷон Акобиров-раҳбари як гурӯҳи қочоқчии маводи мухаддирро боздошт кардаанд. Ин қочоқчӣ талош доштааст, тақрибан 147 килограм ҳашишро ба махфигоҳе дар наздикии марз бо Афғонистон расонад. Қочоқчиён ин миқдор маводи мухаддирро аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон оварда будаанд.

Амалиёт барои боздошти ин шаҳрванди 44 солаи Тоҷикистон дар наздикии деҳаи Пистамазори ноҳияи Шӯрообод анҷом гирифтааст.

Бино ба хабари кумитаи амният, ин шахси боздоштшуда бо Бисмиллоҳ валади Бозмаҳмад-раҳбари гурӯҳи ҷинояткорони фаромарзӣ ва шаҳрванди Афғонистон робита барқарор кардааст. Дар аввали соли 2013 Бисмиллоҳ бо 151 килограм маводи мухаддир боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG