Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон ақалиятҳои миллиро ба мақомҳои давлатӣ роҳ намедиҳанд


Алии Юнисӣ

Алии Юнисӣ

Бо омадани Ҳасани Рӯҳонӣ ба раёсати ҷумҳурии Эрон масъалаи саҳм додани намояндагони шоистаи ақалиятҳои милливу қавмӣ ва мазҳабӣ дар вазоратхонаҳои кишвар ва раҳбарияти устонҳо беш аз пеш матраҳ мешавад. То ин вақт касе маҷоли изҳори ақидаи озод дар ин бора надошт.

Алии Юнисӣ-мушовири раиси ҷумҳури Эрон дар умури ақалиятҳо ва ақвом мегӯяд, дар кишвараш нируҳои бонуфузе ҳастанд, ки аз кори давлат барои интихоби устондорон ё вазирон аз миёни ақалиятҳои милливу мазҳабӣ дар сатҳи кишвар пешгирӣ мекунанд. Устонҳои Систону Балуҷистон ва Курдистон аз ҷумлаи устонҳои муҳиме мебошанд, ки интизор мерафт давлат ба ваъдаи худ содиқ мемонад ва устондоронро аз ҷумлаи шахсиятҳои шоистаи ҳамин ақалиятҳои миллӣ барои ин минтақаҳо интихоб мекунад. Аммо мақоми раҳбарии ин устонҳо ба дасти ду шахсияти ғайрибумӣ ё ғайримаҳалӣ супурда шуд.

Оқои Юнисӣ-мушовири раиси ҷумҳур мегӯяд, "баъзе ақалиятҳоро “ғайрихудӣ” медонанд ва бовар доранд, ки пустҳо ва мақомҳои ҳассосро набояд ба уҳдаи “ғайрихудӣ”-ҳо гузошт. Аз назари мо ин кори дурусте нест, ки бахше аз мардуми Эронро “ғайрихудӣ” бидонем”. то ҳол давлат муваффақ нашудааст, ки вазоратхона ё устондориеро дар ихтиёри ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ гузорад. Ин ба маънои он нест, ки дар оянда ин корро нахоҳад кард. Вале то ҳол дар ин сатҳ муваффақ нашудааст”.

Ризо Ҳусейнбурд-таҳлилгари масоили Систону Балуҷистон дар бораи зарурати таъйини устондорҳои бумӣ ақидаи худро дорад ва бар зарурати овардани шахсиятҳои маҳаллӣ ба раҳбарии устонҳо таъкид мекунад:

“Як устондори балуҷ ё як устондори суннӣ минтақаву мардумро хуб мешиносад, бо мушкилоташон ошност ва метавонад барои он барномарезӣ кунад, будҷа бигирад ва имконоти пешрафти устонро фароҳам созад. Оқои Хоманеӣ аз Балуҷистон боздид кардааст ва балуҷҳо аз вай ҳимоят кардаанд. Бо вуҷуди ин вай намехоҳад, ки сунниҳои Эрон дар мудирияти кишварашон саҳм дошта бошанд. Як душмании бисёр кинатузона аз сӯи оқои Хоманеӣ ва баъзе шахсиятҳо мушоҳида мешавад. Гуфта мешавад, баъзе маъмурони амниятӣ, ки дар Балуҷистон ҳастанд, ҳар моҳ бар зидди балуҷҳову сунниҳо ҳудуди чаҳор ҳазор гузориши дуруғ ба ниҳодҳои болоӣ медиҳанд. Ҳамин гузоришҳои дуруғ ба оқои Хоманеӣ ҳам мерасад. Агар давлати оқои Рӯҳонӣ муваффақ нашавад, ки ин холигоҳро пур кунад ва мақомоти Балуҷистонро аз шахсиятҳои шоистаи Балуҷистон бигирад, дар он сурат барои Эрон хатари ҷиддӣ вуҷуд хоҳад дошт”.

Ризо Ҳусейнбурд-намояндаи ақалиятҳои миллӣ мегӯяд, амният ва мудирият бо ҳам иртибот дорад. Вай дар бораи аҳамияти робитаи амният ва мудирияти нируҳои маҳаллӣ ё бумӣ ва дар ихтиёри шахсиятҳои маҳаллӣ гузоштани курсиҳои калидии раҳбарии Систон чунин ақида дорад:

“Инро мо бояд дар назар бигирем, ки ҳануз балуҷҳо барои гирифтани ҳуқуқи худашон ҳеҷ иқдоме накардаанд. Онҳо дар зарфи ин се-чаҳор моҳи Оятуллоҳ Хоманеӣ ва Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳур

Оятуллоҳ Хоманеӣ ва Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳур

гузашта мунтазири оқои Рӯҳонӣ буданд, то бубинанд, ки эшон чӣ кор мекунанд. Агар онҳо аз оқои Рӯҳонӣ ҳам ноумед шаванд ва вақте ҳам, ки балуҷҳо даст ба мубориза зананд, кор хатарнок хоҳад шуд. Ин тавр нахоҳад буд, ки балуҷҳо биншинанд ва аз фақру бенавоӣ шоҳиди марги худашон шаванд ва ё ҳар вақт таҳқир бубинанд. Мардум мунтазиранд ва агар ин фурсатро Рӯҳонӣ аз даст диҳад, ин бад-он маъно хоҳад буд, ки вай ҳам ба давлати худ, ҳам ба мардуми Балуҷистон ва ҳам ба Эрон зарба задааст”.

Алии Юнисӣ-мушовири раиси ҷумҳур дар умури ақалиятҳои милливу мазҳабӣ дар гузашта борҳо таъкид кардааст, ки намояндагони ақалиятҳои сокини Эрон бояд дар мудирияти кишвар саҳм дошта бошанд. Моҳи ноябр, вақте ки додситони Зобул террор шуд, Юнисӣ ба матбуоти маҳаллӣ гуфт, ки барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо раҳбарияти Эрон бояд ақаллиятҳои мазҳабиро дар тасмимгириҳо ҳамроҳ кунад.

Оқои Юнисӣ, ки дар давлати Муҳаммади Хотамӣ вазири иттилоот буд ва акнун дар давлати Ҳасани Рӯҳонӣ мушовири умури ақалиятҳои милливу қавмӣ ва мазҳабист, мегӯяд, ки шахсиятҳои таҳсилдида ва варзидаи ақалиятҳо умедворанд, то бо такя ба шеваҳои шоистасолорӣ онҳо низ дар мақомҳои давлатӣ саҳм дошта бошанд. Алии Юнисӣ мегӯяд, бо вуҷуди ин ки давлати кунунӣ курсиҳоеро дар сатҳи муовини кул ё муовини вазир дар ихтиёри ақалиятҳо гузоштааст, вале роҳ барои расидан ба марҳилае, ки мақомҳои раҳбарии устонҳои Балуҷистону Систон ва Курдистонро дар ихтиёри балуҷҳо ё курдҳо бигзоранд, хеле дур ба назар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG