Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи андоз бастани ҳисоби бонкии «Сангтӯда-1»-ро қонунӣ медонад


Роҳбарияти неругоҳи "Сангтӯда-1" ҳушдор додаанд, ки агар то панҷ рӯзи дигар тағйироте нашавад онҳо оби обанборро ба дарёҳо мерезанд ва агрегати нерӯгоҳро хомӯш мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз ба изҳороти расмии ширкати «Сангтуда-1» посух надодааст ва роҳбарияти нерӯгоҳ ҳушдор медиҳад, ки агар то панҷ рӯзи дигар тағйироте нашавад онҳо оби обанборро ба дарёҳо мерезанд ва агрегати нерӯгоҳро хомӯш мекунанд. Маъмуряти нерӯгоҳи «Сангтуда-1» рӯзи 4-уми декабр бо пахши як изҳорот ҳушдор дода буд, ки захираи молиаш барои 5-7 рӯзи кори нерӯгоҳ мерсад ва дар сурати оҷилан ҳал нашудани мушкили қарзи андоз кори нерӯгоҳ ба муддати 6 моҳ мутаваққиф мешавад.


Виктория Наумова, сухангӯи нерӯгоҳи «Сангтуда -1» рӯзи 5-уми декабр дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт: «мо барои ҳалли масъалаи қарздории нерӯгоҳ дар назди Кумитаи андоз ба ҳукумат борҳо нома навишта будем. Аз ҷумла саҳҳомон ва менеҷменти нерӯгоҳ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки бигзор аз ҳисоби қарзи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳ, қарзи «Сангтуда-1» дар назди Кумитаи андоз ҳисобӣ карда шавад. Аммо то ин лаҳзаҳо аз ҳукумат ба мо ягон ҷавоби расмӣ ворид нашудааст».

Нерӯгоҳи «Сангтуда-1», дар шабонарӯз ба шабакаҳои барқи Тоҷикистон аз 7 то 8 миллион/киловатт соат ва ё 15 дар сади истеҳсоли барқи Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Гуфта мешавад дар сурати аз кор бозмондани кори нерӯгоҳи «Сангтуда-1», лимити барқ барои аҳолии Тоҷикистон боз ҳам шадидтар мешавад. Ба ҳисоби мутахасисон агар кори нерӯгоҳ мутаваққиф шавад, аҳолии кишвар, ки бе ин ҳам дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8 соат нерӯи барқ мегиранд, акнун 6 соат барқ хоҳанд дошт.

Аз сӯи дигар масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд онҳо ҳеҷ кори ғайриқонуние накардаанд ва онҳо ҳақ доранд, ҳисоби бонкии ҳар андозсупорандаеро, ки молиёт намепуорад, ҳабс кунанд.

Рустам Солиев, роҳбари раёсати ситонидани андози Кумитаи андози Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои «Озоди» гуфт, онҳо борҳо маъмурияти нерӯгоҳи «Сангтуда-1»-ро барои афзун шудани қарзашон дар назди будҷети давлат огоҳ карданд ва ҳушдор дода буданд, ки дар сурати таъхири аз ин беш андоз маҷбуран ситонида мешавад. «Новобоста аз оне, ки нерӯгох объекти стротегӣ ҳаст ва ё не, дар назди кумита он як андозсупоранда аст. Ҳарчанд бо назардошти он, ки «Барқи тоҷик» ширкати монополист ва ягона харидори барқ аст мо ба роҳбарияти «Сангтуда-1» чанд маротиба муҳлат додем, аммо пардохт накарданд»- гуфт Рустам Солиев.

Ҷаноби Солиев афзуд, ки агарчӣ суратҳисоби нерӯгоҳ аз сӯи Кумитаи андоз ҳабс шудааст, вале аз ин суратҳисоб як маблағи ночиз ба фоидаи будҷет ситонида шудааст. Ӯ гуфтани ҳаҷми ин маблағ худдорӣ кард , вале афзӯд дар сурати ворид шудани ҳамагуна маблағ ба ин сруатҳисоб он ба таври автоматӣ ба фоидаи будҷети Тоҷикистон ситонида мешавад.

НБО «Сангтуда-1» моли муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аст. Дар ҳоли ҳозир 75 дар сади саҳмияи ин нерӯгоҳ дар дасти Русия ва 25 дар сади боқимонда моли ҳукумати Тоҷикистон аст.

Кумитаи андоз ҳаҷми қарзи андоз аз тарафи "Сангтуда-1"-ро 52 миллион сомонӣ муаян кардааст.

Бо ин ҳол ниҳодҳои расмии Русия дар Тоҷикистон ягона роҳи ҳалли қазияи «Сангтуда-1» бо Кумитаи андозро усули ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби қарзҳои «Барқи тоҷик» дар назди Кумитаи андоз медонанд.

Як масъули Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ки нахост номаш бурда шавад дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, мушкил дар «Сангтуда-1» нест, балки қарздории «Барқи тоҷик» дар назди ширкат аст: «қарзи «Сангтуда-1» дар назди Кумитаи андоз на барои он зиёд шудааст, ки нерӯгоҳ намехоҳад андоз супорад, балки барои он аст, ки пули барқи истеҳсолкардаашро гирифта наметавонад. Мо пешниҳод дорем, ки ҳукумати Тоҷикистон чун соли 2011 бори дигар қисме аз қарзҳои «Барқи тоҷик»-ро дар назди «Сангтуда -1» чун андози нерӯгоҳ дар назди будҷети Тоҷикистон ҳисоб кунад. Роҳбарияти нерӯгоҳ ду сол боз ин пешниҳодро расман ба ҳукумати Тоҷикистон фиристодааст. Аммо то ҳол ҷавоб нагирифтааст».

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев, президенти вақти Русия дар кушодашавии Сангтуда-1, соли 2009.

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев, президенти вақти Русия дар кушодашавии Сангтуда-1, соли 2009.

Сӯҳбати қарздории Ширкати Барқи Тоҷик, истифодабарандаи аслии барқи Сангтуда моҳҳо боз идома дорад. Аммо Барқи Тоҷик дар мушкили молии худ аҳолӣ ва корхонаҳои Тоҷикистонро муттаҳам кардааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод пули исифодаи барқро сари вақт намесупоранд. Ҳаҷми қарзи «Барқи тоҷик» дар баробари "Сангтуда-1" 404 миллион сомонӣ баробар ба 81.4 миллион доллари амрикоӣ ҳисрб шудааст.

Бори аввал нест, ки роҳбарияти нерӯгоҳи «Сангтуда-1» дар робита ба қарзи "Барқи тоҷик" мазӯи қатъи кори нирӯгоҳро матраҳ мекунанд. Охири соли 2009 низ роҳбари вақти «Сангтуда 1» дар Тоҷикистон Раҳматулло Азизов дар номае ба унвони нахуствазири Тоҷикистон гуфта буд, ки дар сурати напардохтани 10 миллион қарзи «Барқи тоҷик» ба неругоҳ, кори онро мутаваққиф хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG