Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент иҷлосияи якҷояи ҳарду палатаи парлумонро даъват кард


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо судури як фармон рӯзи 5-уми декабр Иҷлосияи ғайринавбатии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро даъват кардааст.

Тибқи хабари сомонаи расмии президент иҷлосияи ғайри навбатӣ рузи 16 –уми декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Қарор аст ба баррасии иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум, фармонҳои президенти Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани аъзои ҳукумати нав барои тасдиқ пешниҳод карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пирӯзияш дар интихоботи рӯзи 6-уми ноябр бори чорум ба мансаби президентии ин кишвар нишаст ва як қисми ҳукумати кишварро аз сар таъин намуда ба парлумони кишвар барои баррасӣ пешниҳод карда буд.
XS
SM
MD
LG