Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев тазоҳургарон ва вазиронро мизбонӣ мекунад


Бо идомаи тазоҳуроти тарафдорони ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо, ин кишвар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро мизбонӣ мекунад. Дар майдони Истиқлоли шаҳри Киев чанд ҳазор тазоҳургар мондаанд ва теъдоди дигар, қароргоҳҳои ҳукуматиро муҳосира кардаанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳукумати Украина истеъфо диҳад ва интихоботи зудрати раёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ баргузор шавад. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба таъхир гузошт ва хашми тарафдорони ҳамгироӣ бо иттиҳодияро барангехт ва онҳоро ба хиёбонҳо кашид. Микола Азаров, нахуствазири Украина зимни ифтитоҳи нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, гуфт, «тазоҳурот дар кишваре, ки демократия дар он рушд мекунад, як таҳаввулоти маъмулист.» Рӯзе пеш аз ин Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон дар ҳузури тазоҳургарон гуфт, ки дари Иттиҳодияи Аврупо ба рӯи Украина ҳамчунон боз аст.
XS
SM
MD
LG