Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси шаҳри Ӯшро аз мақомаш барканор карданд


Нахуствазири Қирғизистон, Мелис Мирзоаҳмадов, раиси шаҳри Ӯш, дуввумин шаҳри бузурги кишварро аз мақомаш барканор кард. Фармони барканории ӯ рӯзи панҷшанбе имзо шудааст. Мелис Мирзоаҳмадов, яке аз шарикони собиқи Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон буд, ки тавонист баъди сарнагун шудани ӯ дар соли 2010 дар мақомаш бимонад. Ҳукумати Қирғизистон дер боз мехост, ӯро барканор кунад, зеро Мирзоаҳмадовро интиқод мекарданд, ки барои ҷилавгирӣ аз низоъи хунин миёни ӯзбакҳову қирғизҳо дар соли 2010 дар вилояти Ӯш саъй накардааст. Дар натиҷаи он низоъ 400 нафар кушта ва ҳазорон тани дигар бехонумон шуданд. Талошҳои пешини ҳукумати Қирғизистон барои барканории Мелис Мирзоаҳмадов, бинобар тазоҳуроти густурдаи тарафдоронаш бенатиҷа анҷом ёфт.
XS
SM
MD
LG