Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бомбгузоре дар Яман 20 нафарро кушт


Мақомоти Яман мегӯянд, бар асари силсилаи ҳамлаҳо ба вазорати дифоъ, дасти кам 20 нафар кушта ва 37 тани дигар захмӣ шудаанд. Як бомбгузорб мошини бомбгузоришудаашро ба қароргоҳи вазорати дифоъ дар Санъо равон карда ва роҳро барои мошини шарикони дигараш боз кардааст. Ба гуфтаи вазорати дифоъи Яман, дар натиҷаи таркиши аввал шифохонаи низомии вазорат зиёни ҷиддӣ дидааст. Баъди таркиш миёни сарбозон ва гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ тирандозӣ сурат гирифтааст ва ба гуфтаи вазорат, аксари ҳамлаварон кушта шудаанд. Теъдоди ҳамлаварон то кунун маълум нест.
XS
SM
MD
LG