Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирри нави Хадамоти Амнияти Миллии Амрико ифшо шуд


Бино ба гузоришҳо, Хадамоти Амнияти Миллии Амрико, рӯзона 5 миллиард сӯҳбатҳои телефонӣ аз тариқи телефони ҳамроҳро сабт мекардааст, ки ба он иҷоза медиҳад, ҳаракати афроди мушаххас дар ҳар гӯшаи ҷаҳонро муайян намояд. Дар ин бора Рӯзномаи “Вашингтон Пост”, бо такя ба асноди нашркардаи Эдвард Сноуден, корманди собиқи Хадамоти Амнияти Амрико гузориш додааст. Рӯзнома навиштааст, ки сӯҳбатҳои телефонии шаҳрвандони амрикои муқими хориҷ ҳам сабт мешавад. Ба гуфтаи “Вашингтон Пост”, Хадамоти Амнияти Миллии Амрико ба хатҳои шабакаҳои мухобиротӣ дар ҷаҳон дастрасӣ дорад ва аз ин роҳ гуфтугӯҳои телефониро сабт мекунад. Бо ин гуна имконот, маъмурони иттилоотии Амрико, метавонистаанд, ҳаракати ҳар корбари телефони ҳамроҳ ва мусоҳибони ӯро дар саросари ҷаҳон радёбӣ кунанд. Хадамоти Амнияти Миллии Амрико мегӯяд, ки сӯҳбатҳои телефонии шаҳрвандон дар дохили кишварро сабтва ё гӯш намекунад.
XS
SM
MD
LG