Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден мегӯяд, Чин "минтақаро тарсонидааст"


Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳурии Амрико, мегӯяд, таъйини қаламрави нави дифоъи ҳавоӣ аз тарафи Чин, дар фазои Баҳри Чини Шарқӣ сабаби “ҳароси чашмгире” дар минтақа шудааст. Ӯ рӯзи панҷшанбе гуфт, ҳангоми мулоқоташ бо Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин дар рӯзи чаҳоршанбе, мухолифати қатъии Барак Обамаро ба таъйини яктарафаи қаламрави нави дифоъи гӯшзад кардааст. Аммо мақомоти Чин, ба Ҷо Байден гуфтаанд, ки таъйини қаламрав бар асоси қонунҳои байналмилалӣ будааст ва Амрико бояд ба он эҳтиром гузорад. Дар қаламраве, ки Чин таъйин кард, ҷазираҳои ҷанҷолие шомиланд, ки Чину Ҷопон, як шарики наздики Амрико сари он ҷазираҳо даъво доранд. Баъди он ки Чин фазои ин ҷазираҳоро рӯзи 23 ноябр қаламрави дифоъи ҳавоии худ эълон кард, ҳавопаймоҳои Амрико, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ бе огаҳ кардани мақомоти Чин дар он қаламрав парвоз карданд.
XS
SM
MD
LG