Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин рақиби Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод - Эстония


Иттиҳодияи футболи Русия тақвими бозиҳои мусобиқоти байналмилалӣ барои Ҷоми Иттиҳод-2014-ро эълон кард.

Мусобиқоти 22-юми байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 24-уми январ то 2-юми феврали соли оянда дар Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад. Дар он 12 дастаи мунтахаби ҷавонон ширкат мекунад. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский» барпо мегарданд.

Дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Эстония, Украина ва Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ бо тими Эстония баргузор мешавад. Дарвоқеъ, Ҷоми Иттиҳод-2014 бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад.

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба Ҷоми Иттиҳод-2014 таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев рӯзи 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе шурӯъ мекунад.


Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Иттиҳод-2014:
Гурӯҳи«А»: Эстония, Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон.
Гурӯҳи «В»: Литва, Туркманистон, Русия, Молдова.
Гурӯҳи «С»: Латвия, Узбакистон, Беларус, Қазоқистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014

24-уми январ (ҷумъа)
12:00 – Эстония – Тоҷикистон
14:15 – Украина – Қирғизистон
16:30 – Литва – Туркманистон
19:00 – Русия – Молдова
25-уми январ (шанбе)
12:00 – Латвия – Узбакистон
14:15 – Беларус – Қазоқистон
16:30 – Украина – Эстония
19:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон
26-уми январ (якшанбе)
12:00 – Молдова – Туркманистон
14:15 – Беларус – Латвия
16:30 – Қазоқистон – Узбакистон
19:00 – Литва – Русия
27-уми январ (душанбе)
12:00 – Эстония – Қирғизистон
14:15 – Тоҷикистон – Украина
16:30 – Литва – Молдова
19:00 – Русия – Туркманистон
28-уми январ (сешанбе)
12:00 – Латвия – Қазоқистон
14:15 – Узбакистон – Беларус
29-уми январ (чоршанбе)
12:00 – Чорякфинал. 1А – 3В/3С
14:15 – Чорякфинал. 2B – 2С
16:30 – Чорякфинал. 1С – 2А
19:00 – Чорякфинал. 1В – 3А/3С
30-юми январ (панҷшанбе)
16:30 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
19:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
31-уми январ (ҷумъа)
12:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
14:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
16:30 – Нимфинал
19:00 – Нимфинал
1-уми феврал (шанбе)
13:00 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум
16:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум
19:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
2-юми феврал (якшанбе)
13:00 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
16:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
19:00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Маскав.
XS
SM
MD
LG