Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО аз Карзай хост, санади ҳамкорӣ бо Амрикоро имзо кунад


Андерс Фог Рассмусен, дабири кулли паймони НАТО аз Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон хост, то ҳар чи зудтар созишномаи амниятӣ бо Амрикоро имзо кунад.

Имзои созишномаи амниятӣ, ки аз ҷумла инерӯҳои хориҷиро иҷозаи ҳузур дар хоки Афғонистон аз соли ояндаи мелодиро медиҳад, ба ихтилофи миёни Кобул ва Вошингтон табдил шудааст. Ин санади ҳамкории амниятӣ ҳарчанд миёни Амрико ва Афғонистон шакл гирифтааст, аммо амалан ҳузури нерӯҳои НАТО ва низ васоили ҷангии он дар Афғонистон ба он вобаста аст. Созишномаи амниятӣ дар Шӯрои "Лӯи Ҷирга"-и Афғонист тасвиб шуд, аммо оқои Карзай ногаҳон барои амалӣ шудани он чанд шарт гузошт.

Карзай пештар дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ин шартҳоро "манъи ҳамлаҳо ба манзилҳои зист" ва "оғози амалии раванди сулҳ" унвон карда буд. Ин шартҳои Карзай дар ҳоле ба миён омаданд, ки хабарҳо аз созиш миёни ду кишвар дар мавриди паймони амнияти ҳикоят доштанд ва ин паймон дар Лӯи Ҷирга низ тасвиб шуда буд. Навиштани матни ин санад моҳҳо тӯл кашид ва сабаби ихтилофҳои Амрико ва Афғонистон буд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико моҳи гузашта гуфта буд, "пас аз ҳудуди як сол музокираи ҳамроҳ бо таниш бо Афғонистон, пешнависӣ ин тавофуқнома омода шудааст. Бо ин ҳама сарнавишти он ҳамчунон номушаххас аст.

Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи гузашта дар нишасти вазирони умури хориҷии НАТО дар Бруссел гуфт, имзои Ҳомид Карзай барои ин тавофуқнома зарурӣ нест ва агар вазири дифоъ ё вазири дигаре низ имзояш кунад, ба ҳукми иҷро медарояд. Аммо раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, иҷоза нахоҳад дод, каси дигаре аз аъзои давлати ӯ низ онро имзо кунад.

Сюзан Райз, мушовири Шӯрои амнияти миллии Амрико дар дидоре, ки бо Ҳомид Карзай дар душанбеи ҳафтаи гузашта дошт, ба ӯ гуфт, дар сурати имзо накардани санади пешниҳодӣ дар кӯтоҳмуддат, Вошингтон чорае ҷуз оғози хуруҷи ҳамаи нерӯҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистонро нахоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG