Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров хостори қатъи дахолат ба бӯҳрони сиёсии Украина шуд


Сеогей Лавров

Сеогей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия аз афроди бегона ё берунӣ хостааст, ки ба бӯҳрони сисёсии Украина дахолат накунанд. Вай зимни сухунони худ дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар Бруссел гуфт, вай дарк намекунад, ки чаро НАТО зарур донистааст, ки раҳбарони Украинаро барои истифода аз ниру ҷиҳати парканда сохтани эътирозгарон муттаҳам кунад.

Рӯзи чаҳоршанбе дар Маскав Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия бо Юрий Бойко-муовини нахуствазири Украина мулоқот анҷом дод. Вай дар ин мулоқот гуфт, ки Русия “хостори оромиву субот дар Украина аст”.

Бойко барои баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таъмини гази Русия дар Украина ба Маскав сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG