Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии католик дар Беларус аз боздошт раҳо шуд


Уладзислав Лазар
Уладзислав Лазар
Як рӯҳонии католик, ки дар Беларусия барои хиёнат муттаҳам дониста мешуд, аз боздоштгоҳ раҳо шудааст. Артур Стрех-сухангӯи Кумитаи амнияти давлатии ин кишвар рӯзи чаҳоршанбе ба радиои Озодӣ гуфт, рӯҳонӣ Уладзислав Лазар ба шарте аз боздошгоҳ раҳо шудааст, ки дар ҷараёни расидагӣ ба парванда Минскро тарк накунад.

Лазар моҳи июл барои он боздошт шуд, ки гӯё ба як шаҳрванди Беларусия пул додааст, ба шахсе, ки гӯё бо хадамоти махфии хориҷӣ ҳамкорӣ мекардааст.

Моҳи июл Александр Лукашенко-раиси ҷумҳур ба рӯзноманигорон гуфт, ки онҳо як хиёнаткорро боздошт кардаанд, шахсеро, ки дар хадамоти вижа кор мекардааст, вале тавассути намояндагони калисои католикҳо бо кишварҳои хориҷӣ иртибот доштааст.
XS
SM
MD
LG