Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи андоз ҳисоби бонкии "Сангтӯда-1"-ро холӣ кард


Маъмурияти нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" бо пахши як баёноти расмӣ аз қатъ шудани суратҳисоби бонкиаш аз тарафи Кумитаи андози Тоҷикистон норозигӣ кардааст. Фаъолияти ин нерӯгоҳ, ки 15 дар сади истеҳсоли барқи Тоҷикистонро таъмин мекунад, бинобар ҳабс шудани суратҳисобаш мумкин аст фалаҷ шавад.

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон қарор дар бораи ҳабс ё масдуд кардани суратҳисоби "Сангтӯда-1"-ро 29 ноябри соли равон содир кард. Ин ниҳод маъмурияти нирӯгоҳро ба насупоридани андоз муттаҳам кардааст. Кумитаи андоз ҳаҷми қарзи андоз аз тарафи "Сангтуда-1"-ро 52 миллион сомонӣ муаян кард. Дар изҳороти маъмурияти нирӯгоҳ омадааст, ки рӯзи 4-уми декабр кумитаи андоз ин маблағро аз ҳисоби "Сангтӯда" берун кашидааст.

Мақомоти "Сангтӯда-1" сабаби насупоридани андозро ба қарздории "Барқи Тоҷик", харидори аслии нирӯи барқ марбут карданд, ки то ҳол натавонистааст пулҳои истифодаи барқро баргардонад. Ҳаҷми қарзи «Барқи тоҷик» дар баробари "Сангтуда-1" ба 404 миллион сомонӣ ва ё ба 81.4 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Дар навбати худ "Барқи Тоҷик" мегӯяд, масрафкунандаҳои нирӯи барқ, аз ҷумла аҳолӣ ва корхонаҳо кишвар пули истифодаи барқро насупурданд ва ширкатро дар назди нирӯгоҳ қарздор карданд.

Мудирияти "Сангтӯда-1" мегӯяд,ки борҳо аз афзоишҳи ҳаҷми қарзи "Барқи Тоҷик" ба мақомот ҳушдор додаанд, вале онҳо дар чанд моҳи ахир танҳо ба пардохтани 10 миллион иктифо кардаанд.
XS
SM
MD
LG