Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози мухолифон дар Киев идома дорад


Эътирозҳо дар назди бинои ҳукумат дар Киев
Эътирозҳо дар назди бинои ҳукумат дар Киев
Дар Киев-пойтахти Украина эътирозҳо ҳамчунон дар назди биноҳои ҳукуматӣ идома дорад. Бо ин роҳ онҳо ба имзо нашудани мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупо вокуниш нишон медиҳанд.

Рӯзи чаҳоршанбе ҳукумат пешниҳод кард, ки бо Иттиҳодияи Аврупо дар ин бора музокира анҷом бигирад. Вале Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, онҳо барои мулоқот бо ҳайати ҳукуматии Украина нақшае надоранд.

Рӯзи сешанбе Микола Азаров-нахуствазири Украина аз райи адами эътимоди порламон эмин монд, вале мухолифон эълон кардаанд, ки эътирозҳои худро идома медиҳанд ва истеъфои ҳукуматро тақозо мекунанд.

Аз сӯи дигар, Виктор Янукович-раиси ҷумҳур барои як боздиди расмӣ вориди Чин шудааст. Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико бори дигар изҳор дошт, ки аз мухолифони Украина ҷонибдорӣ мекунад. Вай гуфт, Вашингтон аз ҳукумати Украина дархост мекунад, ки ба садои мардуми худ гӯш диҳад, мардуме, ки мехоҳанд дар озодӣ зиндагӣ кунанд ва барои пешрафт шароит мехоҳанд.
XS
SM
MD
LG