Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии сокини Шӯрообод аз асорати афғонҳои мусаллаҳ


Мақомоти марзбонии тоҷик мегӯянд, ки Мирмад Баротов, сокини ноҳияи Шӯроободро аз асорати гурӯҳи мусаллаҳи афғон озод намудаанд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Идораи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 4-уми декабр дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ин сокини Шӯрообод дар паи як амалиёти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва мақомоти умури дохилаи Афғонистон аз асорати гурӯҳи мусаллаҳи афғон раҳо шудааст.

Наздикони ин сокини Шӯрообод ҳам рӯзи 4-уми декабр дар тамос ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки хабари раҳоии Мирмадро шунидаанд, аммо ӯ то ба ҳол ба деҳа оварда нашудааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00
Линки мустақим

Гурӯҳе аз афғонҳои мусаллаҳ шаби 10-ум ба 11-уми ноябр ҷавони 30-солаи сокини деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротовро ба гарав гирифта, ба самти номаълум рафта буданд. Ба гуфтаи сокинони Зардолувак, даҳ марди мусаллаҳ, ки бо лаҳҷаи афғонӣ сӯҳбат мекарданд, вориди деҳаи онҳо шуда, аз сокинон маводи озуқа пурсидаанд ва Мирмад Баротовро бо худ бурданд

Ба дунбол, афроди мусаллаҳ аз волидайни як сокини рабудашудаи Шӯрообод барои раҳоии фарзандашон 20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд. Қаблан, гуфта мешуд, ки афғонҳо Олими Сӯҳбат, бародари ин ҷавонро ба гарав бурдаанд, аммо мақомоти Шӯрообод баъдан гуфтанд, ки шахси ба гаравафтода Мирмад Баротов, соли таваллудаш 1983 аст, ки се фарзанд дорад.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе рӯзи 27-уми ноябр гуфта буд, он сокини Шӯрообод, ки аз сӯи афғонҳои мусаллаҳ ба гарав гирифта шудааст, бо гурӯҳҳои қочоқбар ҳамкор мебошад.

Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон рӯзи 27-уми ноябр ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки аз ҳодисаи ба гарав бурда шудани як ҷавони шӯроободӣ аз тарафи гуруҳи мусаллаҳи афғон огоҳ ҳастанд, аммо мушкиле, ки дар амри раҳоии вай пеш омадааст, бо ин гурӯҳҳо ҳамкор будани ин ҷавон мебошад.

Ин дипломатии афғон дар идома гуфт, «шумо мефаҳмед, ки ин ҷавон аз тарафи гуруҳҳои мафиёии қочоқбар, бинобар як муомилаи миёни худашон ба гарав гирифта шудааст. Ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Афғонистон гурӯҳҳои қочоқбар ба ин амал дахил ҳастанд ва ин ҷавон бо онҳо ҳамкор будааст ва ин вазъ барои мақомоти масъули Афғонистону Тоҷикистон мушкил пеш овардааст».

Аммо падари ҷавони ба гаравафтодаи тоҷик ҳарфи муовини сафири Афғонистонро, ки писарашро «ҳамкори қочоқчиёни афғон» унвон кардааст, тӯҳмат ва беасос медонад.

Сӯҳбат Баротов, падари Мирмад Баротов, ҷавони 30 солаи тоҷик дар вокуниш ба суханони муовини сафири Афғонистон дар Душанбе гуфт, «чунин як тӯҳматро дар тамоми умраш бори аввал мешунавад». Ӯ гуфт, масъулини сафорат бо чунин тӯҳмат масъулияти раҳоии писарашро аз дасти шаҳрвандони Афғонистон, ба канор мегузоранд.

Шӯрообод, бо Афғонистон марзи душворназорат дорад, ки ҳар сол ҳодисаи ба гарав бурдани сокинон ба мушоҳида мерасад. Аммо сокинон мегӯянд, нобуд кардани гурӯҳҳои қочоқбар он қадар кори мушкиле нест, вале бо сабабҳои номаълум мақомот ин корро намекунанд. Бо ин далел сокинон тахмин мезананд, ки афроде дар мақомоти қудратӣ аз мавҷудияти ин гурӯҳҳо манфиат мебинанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки 21-уми марти соли ҷорӣ чаҳор сокини бесилоҳи Шӯрообод се қочоқчии маъруфи мусаллаҳро ба ҳалокат расониданд ва танҳо дар ин миён як сокини маҳаллӣ кушта шуд.
XS
SM
MD
LG