Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссияи қонунгузории ҳукумати Русия тарҳи қонун «Дар бораи тасвиби Созишномаи Русияву Тоҷикистон дар бораи интиқоли маводи нафтӣ» - ро таъйид карда, ба ҷаласаи ҳукумати ин кишвар пешниҳод намуд.

Government.ru, сомонаи ҳукумати Русия менависад, ки ин Созишнома қисмати бастаи ҳуҷҷатҳоест, ки аз ҷумла Созишномаи шароити будубоши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ва Созишнома дар бораи муҳоҷиратро дарбар мегирад ва имзои ин баста ба тақвияти робитаҳои ҳамгироии Русияву Тоҷикистонро ҳадаф қарор додааст.

Бино ба ин манбаъ, созишнома лағви боҷи гумрукӣ аз маводи нафтиеро, ки дар ҳаҷми зарурии талаботи дохилии Тоҷикистон ворид мекунад, дар назар дорад. Рӯйхати маводи нафтӣ бензин, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ, мазут, битум, омехтаҳои битумӣ, гази моеъ ва кокси нафтиро дарбар мегирад.

Сомонаи расмии ҳукумати Русия менависад, масъулияти иҷрои созишнома ба зиммаи вазорати энержии Русия ва вазорати энергетика ва саноат (ҳоло вазорати энергетика ва захираҳои об - Озодӣ) – и Тоҷикистон гузошта мешавад, ки то 1-уми октябри ҳар сол ҳаҷми талаботи дохилии маводи нафтӣ дар Тоҷикистонро барои соли ояндаи тақвимӣ муайян мекунанд ва аз рӯи он тавозуни интикативиро ба имзо мерасонанд (барои соли 2013 – 1 млн. тон).

Комиссияи қонунгузории ҳукумати Русия зикр кардааст, ки Созишнома содироти дубора ё реэкспорти маводи нафтии воридотӣ бидуни боҷи гумрукиро манъ мекунад ва дар ҳолати ошкор шудани чунин маворид Русия ҳақ дорад интиқоли маводи нафтӣ бидуни боҷи гумрукиро қатъ кунад. Тибқи ин манбаъ, созишнома дахлнопазирии моликияти субъектҳои хоҷагидории Русия дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Русияро кафолат медиҳад.

Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи имзои созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон ҳанӯз 5 октябри соли 2012 ва худи санад ҳанӯз 6 феврали соли 2013 ба имзо расида буд.

Парлумони Тоҷикистон ҳанӯз моҳи майи соли равон созишномаи интиқоли маводи нафтии Русия ба Тоҷикистонро ба тасвиб расонда буд.

Комиссияи қонунгузории ҳукумати Русия ниҳоди зертобеъи ин кишвар аст, ки ҳаққи баррасии санадҳои ҳуқуқиро дорад. Пас аз хулосаи ин ниҳод ҳуҷҷат ба баррасии ҷаласаи ҳукумати Русия пешниҳод мешавад. Дар навбати худ ҳукумат ҳуҷҷатро барои тасвиб ба Думаи давлатӣ мефиристад. Имзои охиринро раисҷумҳури Русия мегузорад.

Аз 12-уми ноябр мувақатан фурӯши бидуни боҷи гумрукии маводи сӯхти Русия барои Тоҷикистон иҷозат дода шуда буд. Ҳадс зада мешуд, ки бо иҷозат додан барои ворид кардани маводи сухт бидуни боҷи гумрукӣ нархи сӯзишвори ҳам поин мешавад. Вале то ҳол дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи он аз ҷой наҷунбидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG