Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод - Эстония, Украина ва Қирғизистон


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Эстония, Украина ва Қирғизистон рақобат хоҳад кард.

Дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 3-юми декабр дар Хонаи футболи Иттиҳодияи футболи Русия барпо гардид, ба се гурӯҳ тақсим шуданд.

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Иттиҳод-2014:
Гурӯҳи«А»: Эстония, Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон.
Гурӯҳи «В»: Литва, Туркманистон, Русия, Молдова.
Гурӯҳи «С»: Латвия, Узбакистон, Беларус, Қазоқистон.

Мусобиқоти 22-юми байналмилалии Ҷоми Иттиҳод аз 24-уми январ то 2-юми феврали соли 2014 дар Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад. Дар он 12 дастаи мунтахаби ҷавонон ширкат мекунад. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский» барпо мегарданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба Ҷоми Иттиҳод-2014 таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев рӯзи 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе шурӯъ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG