Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса мегӯяд, Ёсир Арафот заҳролуд нашуда буд


Ёсир Арафот

Ёсир Арафот

Гурӯҳе аз донишмандони фаронсавӣ, ки машғули расидагӣ ба сабабҳои даргузашти Ёсир Арафот-раҳбари пешини ташкилоти худгардони Фаластин буданд, ба хулосае расидаанд, ки Арафот заҳролуд нашудааст.

Ин гурӯҳи донишмандон рӯзи сешанбе эълон карданд, ки Арафот дар синни пирӣ дар соли 2004 гирифтори беморӣ шудааст ва аз беморӣ даргузаштааст.

Дар гузоришҳои қаблӣ, ки донишмандони Шветсария баъд аз таҳқиқи ҷасади Арафот мунташир карда буданд, гуфта мешуд, ки дар бадани Арафот ғайриинтизор миқдори зиёди заҳри полониум ошкор шудааст.

Соли гузашта ҷасади Арафотро аз қабр бардоштанд, то онро бори дигар таҳқиқ кунанд, зеро ин сару садоҳо тақвият ёфт, ки Исроил дар паси марги Арафот қарор дорад.
XS
SM
MD
LG