Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Биржаи Маскав ба бонки Тоҷикистон илтифот нишон дод


Рӯзи сешанбе биржаи Маскав бонки "Эсхата"-и Тоҷикистонро ба бозори асъори худ иҷоза дод. Ин бонк севвумин муассисаи қарздиҳандаи хориҷист, ки ба тиҷорат дар бозори асъори Русия роҳ меёбад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ биржаи Мскав ин тарҳи байнидавлатии худро барои кишварҳои узви созмони ЕврАазЕС оғоз кард. Моҳи октябри соли ҷорӣ пеш аз "Эсхата"-и Тоҷикистон "АСБ Беларусбанк" низ вориди ин бозор шуд. Игор Марич-раиси бозори пули бижаи Маскав эзҳор доштааст, ки то поёни сол Бонки миллии Беларусия низ ба ин биржа хоҳад даромад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин самт кор бо Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Беларусия идома меёбад.
XS
SM
MD
LG