Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 декабр дар Тошканд вазъи минтақаро баррасӣ мекунанд


10 декабр дар Тошканд бо ибтикори Русия дар иртибот бо хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон вазъи Осиёи Миёна баррасӣ мешавад. Вазорати корҳои хориҷаи Русия хабар додааст, ки дар ин мулоқот сафирони Русия, Афғонистон, Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистон ва кормандони раҳбарии вазорати корҳои хориҷаи Русия, аз ҷумла Григорий Карасин-муовини вазири хориҷа ширкат хоҳанд кард.

Ҳадафи ин мулоқот роҳҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии муносиботи Русия бо ин кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ шудааст. Русия ҳамчунин ба фаъолияти сафоратхонаҳои худ дар минтақаро ба баррасӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG