Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Озарбойҷон нархи газу бензинро боло бурдааст


Ҳукумати Озарбойҷон нархи газу бензинро барои масрафкунандагони дохилӣ шадидан боло бурдааст. Ҳоло нархи як литр бензин аз 0,7 манат то 0,8 манат арзиш дорад, ки баробар бо 0,89 сент ва 1,02 доллар аст. То ҳол як литр бензин 0,45 то 0,60 манат буд.

Нархи фурӯши газ ба корхонаҳои саноатӣ низ боло рафтааст. Акнун барои ҳар 1000 метри муккааб 102 доллар пардохт хоҳанд кард.

Ҳукумат дар бораи сабабҳои боло бурдани нархҳо тавзеҳоте надодааст. Вале коршиносон мегӯянд, сабаби он коҳиши сарчашмаҳои даромад будааст ва ҳукумат мехоҳад аз роҳи боло бурдани нархҳо коҳиши даромадро ҷуброн кунад.
XS
SM
MD
LG