Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия барои ҷангиёни кишварҳои хориҷӣ ба оҳанрабо табдил ёфтааст ва онҳо мехоҳанд дар он ҷо ба истилоҳ “пул кор кунанд”.

Шумораи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна, ки ба гурӯҳҳои шӯришии тундрав мегараванд ва ба ҷангҳои Сурия фиристода мешаванд, беш аз пеш афзоиш меёбад.

Меҳрубон модарест, ки баъд аз як сӯҳбати телефонӣ бо писараш дар тобистони соли ҷорӣ хобҳои ваҳмангез мебинад. Вай дар деҳаи Сузак дар ҷануби Қирғизистон зиндагӣ мекунад ва писарашро аз соли 2011 то ҳол надидааст. Писараш бо 5 нафар дӯстонаш он вақт дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафта буданд. Аз сӯҳбати телефонӣ бо писараш Меҳрубон дарёфт, ки ҳамаи ин шаш нафар Русияро тарк кардаанд ва ба гурӯҳҳои Ал Қоида пайвастаанд ва дар Сурия бар зидди режими Башор Асад меразманд, то пуле ба даст оранд. Вай мегӯяд:

”Вай баъд аз як моҳи аввал каме пул фиристод. Баъд бедарак шуд. Баъд аз он бори аввал панҷ моҳ пеш ба ман занг зад. Шумораи телефон хеле дароз буд. Вақте, ки мо бо ин шумора ба вай занг задем, касе ҷавоб надод. Баъд мо ба пулис муроҷеа кардем. Ин шумораи телефонро додем ва гуфтем, ки писараш ваъда дод, ки бармегардад. Бо ҳамин тамом”.

Волидайни дигарон низ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муроҷеа карданд. Онҳо ҳам аз фарзандонашон дар Сурия ҳамин гуна занги телефонӣ гирифта буданд. Ҳоло ин падару модарон намедонанд, ки фарзандони онҳо дар куҷо ҳастанд, зиндаанд ё кушта шудаанд. Акнун онҳо дархост мекунанд, ки роҳ ва шеваҳои ба Сурия ҷалб шудани фарзандонашон дақиқ шавад, яъне онҳо чӣ тавр аз як деҳаи хурд дар як гӯшаи Осиёи Миёна ба ҷангҳои Сурия кашонда шудаанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки бозрасон роҳҳои кашондани ин шаш нафар ба Сурияро рӯшан кардаанд. Гурӯҳҳои русзабони салафӣ, ки аз сунниҳо иборатанд онҳоро баъд аз расидан ба Маскав тавассути Туркия ба Сурия сафарбар кардаанд. Ҳадс мезананд, ки ин гурӯҳҳои салафӣ мумкин аст шаҳрвандони Қафқози Шимолии Русия бошанд. Онҳо яке аз шохаҳои шабакаи байналмиллалии Ал Қоида мебошанд. Ин шоха на танҳо бо ҷалби шӯришиён аз кишварҳои Осиёи Мёна ба Сурия, балки бо ҷалби чунин афрод аз саросари ҷаҳон машғул аст.

Майкл Ҷенкинс-мушовири аршади маркази Rand Corporation дар Амрико моҳи ноябр дар гузориши худ ба Конгресси кишвараш гуфт: "ҳоло дар Сурия аз
6 000 то 8 000 шӯришиёни хориҷӣ меҷанганд. Вай гуфт, ки аксари онҳо аз кишварҳои арабии ҳамсоя ва шумораи қобили мулоҳизае ҳам аз Африқои Шимолӣ ва Аврупо ба Сурия омадаанд. Барои ононе, ки иртиботашон бо Ал Қоида ошкор шудааст, ба эҳтимоли зиёд пулҳо аз ҳисобҳои шахсони сарватманд, пеш аз ҳама аз шоҳигариҳои суннии кишварҳои Халиҷи Форс ворид мешаванд".


Шуморе аз ин муҷоҳидон аз кишварҳои Осиёи Миёна мебошанд. Аммо дар давоми соли 2013 ин ҷиҳодиҳои Осиёи Миёна дар миёни размандагони Ал Қоида дар таркиби гурӯҳҳои салафӣ аз қабили Ҷабҳат ул Нусра дар Сурия шӯҳрат пайдо карданд.

Роҳҳои кашондани онҳо ба Сурия хеле мармуз аст. Масалан, мақомоти амниятии Қирғизистону Қазоқистон мегӯянд, ки ин гурӯҳҳо дар оғоз хеле кам будаанд ва ҷавонони бекорро бештар ҷалб мекардаанд.

Фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи шӯришиёни зидди ҳукумати Башор Асад низ собит шудааст. 28 майи соли 2013 Мансурҷон Умаров-муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳатто таъкид кард, ки се нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷангҳо дар Сурия кушта шудаанд. Умаровгуфта буд, барои мақомоти амнияти Тоҷикистон шумора ва масири ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи шӯришиёни Сурия маълум нест, аммо дақиқ аст, ки ин ҷавонон аз тариқи кишварҳои севвум ба низои Сурия кашонда мешаванд.

Ҷейкоб Зен-коршиноси умури терроризм дар Бунёди Ҷеймставни Вашингтон бовар дорад, ки ин гурӯҳҳои салафӣ бо Ал Қоида иртиботи мустақим надоранд.
Вай мегӯяд: “Ҳизбуттаҳрир ба зоти худ созмондиҳандаи харобкорӣ нест. Ман мушоҳида кардаам, ки Ҳизбуттаҳрир хеле кам амалиёти тахрибкорона анҷом медиҳад, бо вуҷуди он, ки ҳукуматҳо онҳоро ҳар вақт муттаҳам мекунанд”. Зен мегӯяд, ақидаҳои салафӣ дар минтақаҳое мисли ҷануби Қирғизистон хеле мавқеъ пайдо кардааст. Вале ба гуфтаи вай, ҷиҳодиҳо ё шӯришиён мустақиман аз Осиёи Миёна ба низоъҳои Сурия ҷалб намешаванд, балки онҳоро тавассути дигар кишварҳо, масалан аз Туркия, кишварҳои Халиҷи Форс, Афғонистону Покистон ва Русия ҷалб мекунанд.

Оринбасар Каматаев аз Жетисойи Қазоқистон вақте, ки ҷиҳодиҳои қазоқ дар Ал Қоида моҳи октябр дар наворе набераашро аз Сурия нишон медоданд, ба ҳарос афтод. Вай мегӯяд, “писараш шахси мазҳабӣ набуд, ки наберааш аз пайи падар равад. Падари вай дар як ширкати сохтмонӣ дар Алмаато кор мекард. Вақте, ки ин ширкат муфлис шуд, писари Нурлан соли 2012 ба узвияти гурӯҳи салафиҳо даромад”. Каматаев меафзояд, дар зарфи ду се моҳ рафтори наберааш тағир ёфт. Вай доим намоз мехонд ва Қуръонро аз даст намегузошт. “Ман мегуфтам, ки метавонад дар вақти муносиб намоз хонад, шабу рӯз шарт нест. Аз вай мепурсидам, ки ё мехоҳад мулло шавад? Вай ҷавоб медод, ки гузаштаи хубе надоштааст ва ҳоло ба худо бовар мекунад ва мисли он. Баъд аз ин суол вай дигар бо ман гап намезад”.

Капматаев мегӯяд, Нурлан бо зану се кӯдакаш бо кӯмаки салафиҳои Қазоқистон ба Ховари Миёна рафтанд. Баъд аз он писараш аз Сурия тавассути видеои Ал Қоида муроҷиат кард. Даҳҳо нафари дигар аз хешовандони ҷиҳодиҳои Қазоқистон низ дар бораи ҳамин гуна саргузашт ҳикоят кардаанд.

Аммо шӯришиёни Узбакистон ба Сурия тавассути Вазиристони Покистон ба Сурия рафтаанд. То соли 2011 Равшан-шаҳрванди Узбакистон дар ҷангҳои Афғонистон “пул кор мекард”. Вале вақте, ки дар Сурия низоъ бархост, вай ба он ҷо рафт. Вай моҳи июл дар ҷангҳои Ҳалаб аз як пои худ маҳрум шуд ва акнун ба Туркия баргаштааст ва бо афроди Ал Қоида иртиботи худро нигоҳ медорад. Се нафари дигар аз шаҳрвандони Узбакистон низ ба радиои Озодӣ дар бораи ҳамин гуна саргузашти худ ҳикоят кардаанд ва гуфтаанд, ки тамосҳои нахустини онҳо бо гурӯҳҳои салафии Узбакистон дар Туркияву Аврупо ва Русия ё Осиёи Миёна тавассути интернет сурат гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG