Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Украина барои пароканда кардани ҳукумат раъй надод


Порламони Украина
Порламони Украина

Парлумони Украина баррасии раъйи адами эътимод ба ҳукумати ин кишварро рад кард. Ин пешниҳодро мухолифон ба парлумон фиристода буданд ва танҳо 186 нафар ба ҷонибдорӣ раъй доданд, вале барои қабули ин пешниҳод 226 рай зарур буд.

Он гуна, ки интизор мерафт, ҳизби “Минтақаҳо”-и президент Виктор Янукович аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ накард ва дар райдиҳӣ низ ширкат надошт.
Баъд аз имзо нашудани мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Аврупо мухолифон талош карданд, ки ҳукумати Януковичро ба истеъфо фиристанд. Мухолифон ҳамчунин тақозо карданд, ки барои бархӯрди нодуруст бо эътирозгарон ва шеваи пароканда сохтани онҳо ҳукумат бояд истеъфо диҳад. Ба имзо нарасидани мувофиқатнома бо Аврупо бузургтарин эътирорзҳоро баъд аз Инқилоби Норинҷии соли 2004 дар Киев ба бор овард.

Ҳангоме, ки дар паруламон раъйдиҳӣ идома дошт, дар назди бинои парлумон ҳазорон нафар гирд омада буданд ва парчамҳои Украина дар даст “Инқилоб”, “Инқилоб” шиор медоданд.

Қабл аз оғози райдиҳӣ Микола Азаров-нахуствазири Украина барои саркӯбиҳои
Микола Азаров дар порламон
Микола Азаров дар порламон
эътирозгарон тавассути пулиси зиддитазоҳурот аз мардум маъзарат хост, вале аз эътирозгарон интиқод кард, ки роҳҳои вурудӣ ба биноҳои ҳукуматиро бастаанд. Азаров қавл дод, ки дар ҳайати кобинаи худ тағирот ворид хоҳад кард, вале вай ҳамзамон аз кори ҳукумат ситоиш намуд. Вай афзуд, “ман бояд ба шумо бигӯям, ки вазъ дар Украина воқеан хатарнок шудааст, аммо на ба сабабҳое, ки Арсений Ятсенюк-раҳбари мухолифон ба мо мегӯяд, балки ба сабаби як силсила омилҳои дигар”.

Аз сӯи дигар, мухолифон эълон кардаанд, ки ба эътирозҳои худ идома медиҳанд. Ятсенюк-раҳбари гурӯҳи Баткившина ҳамчунин гуфт, мухолифон аз Янукович хоҳанд хост, ки ҳайати ҳукумати худро ба истеъфо фиристад. Вай аз ҷонибдоронаш низ хост, ки бинои раёсати ҷумҳуриро низ ба муҳосираи худ дароранд.

Янукович рӯзи сешанбе ба Чин сафар кард ва мехоҳад аз ин кишвар кӯмакҳои иқтисодӣ бихоҳад. Вай корҳои омодагӣ барои имзои мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Аврупоро боздоштааст. Вай мегӯяд, ки наметавонад бо имзои ин мувофиқатнома робитаҳои наздики худ бо Русияро қурбон кунад.

Рӯзи сешанбе Ранко Кривокапич-раиси Маҷмаи парлумонии САҲА аз вазъият дар Украина изҳори нигаронӣ кард ва ин кишварро ба хештандорӣ даъват намуд.
XS
SM
MD
LG