Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳ Искандаров раиси полиси шаҳри Турсунзода шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои он баъзе тағйирот ворид кард.

Дар бораи ин тағйироти нави кадрӣ торнамои раиси ҷумҳур хабар додааст.
Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, Нурилло Орипов аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои дохилӣ ва Шералӣ Сабзов ва Саид Ҷӯрахонов аз мақоми муовинҳои вазири корҳои дохилӣ барканор шуданд.

Ба вазифаи муовини якуми вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милиса Абдураҳмон Бузмаков таъин шуд. Вай то ин вақт сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе буд. Икром Умаров муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.

Бо мувофиқат бо раиси ҷумҳур, муовинони собиқи вазир Саид Ҷӯрахонов сардори раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Шералӣ Сабзов сардори раёсат дар нақлиёт таъин карда шуданд.

Ҳамчунин, Файзулло Нозимов сардори раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Рустам Шафиев сардори раёсати ВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт, Муҳаммадшо Искандаров сардори шӯъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода ва Тоҳирҷон Норматов намояндаи ВКД дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ таъин карда шуданд.


Дар торнамои раиси ҷумҳур гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, зимни сӯҳбат бо афроди тозатаъиншуда онҳоро ба хидмати содиқона ба мардуми кишвар ва мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта даъват кард. Ҳамчунин таъкид гардид, ба поксозии сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз шахсони тасодуфӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шавад.
XS
SM
MD
LG