Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "Баха-84" ва ТВ "Пойтахт" бо мусолиҳа анҷом ёфт


Бахтиёр Қосимов, машҳур ба "Баха-84".
Бахтиёр Қосимов, машҳур ба "Баха-84".

Баҳсе, ки ҳудуди як сол пеш миёни Баха-84 ва ТВ «Пойтахт» ба вуқӯъ пайваст, бо мусолиҳа анҷом ёфт.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори ТВ «Пойтахт» ба радиои «Озодӣ» гуфт, аз ҳамчунин анҷом истиқбол мекунад ва хуш аст, ки ду эҷодкор ба мусолиҳа расиданд: «Дар ҳақиқат, як ҳамдигарнофаҳмие дар миён буд, ки хушбахтона, аз миён рафт. Албатта, эҷодкор бояд эҷодкорро фаҳмад. Тавре мегӯянд: «Як ҳарфи сӯфиёна бигӯям, иҷозат ҳаст? Нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ!»

Ихтилоф миёни Бахтиёр Қосимов, маъруф ба Баха-84, рэпсарои маъруфи тоҷик ва «Пойтахт», телевизиони шаҳри Душанбе, зимни баргузории нахустин рэп - фестивал дар Тоҷикистон ба миён омад. ТВ «Пойтахт» таҳти унвони «Шӯри ҷавонон» аз 1 то 3 декабри соли гузашта маъракаи густардаро барпо намуд. Ба фестивал тамоми гурӯҳҳои рэп, ҳип-ҳоп ва брейк-данси Тоҷикистон, дар маҷмӯъ беш аз 100 гурӯҳ ҷамъ омаданд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Дар рекламае, ки қабл аз ин маърака тариқи телевизион пахш шуд ва ҳам афишаҳое, ки дар шаҳри Душанбе гузошта шуданд, Баха-84 ҳамчун муҳимтарин ширкаткунандаи ин рэп-фестивал таблиғ мешуд. Аммо то 5 рӯзи баргузории фестивал аз ин овезаҳо ва ҳам рекламаи телевизион исми Баха-84-ро гирифтанд.

Маълум шуд, ки ахирӣ аз ҳамчунин маърака хабар надошт ва ба ин далел ба вазорати корҳои дохилӣ шикоят бурд. Тибқи банди аввали моддаи 276-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ӯ ТВ «Пойтахт»-hj барои рекламаи огоҳонаи бардурӯғ муттаҳам мекард.

Шоираи Раҳимҷон, сармуҳаррири мусиқии ТВ «Пойтахт» мегӯяд, рекламаи Баха- 84 бар асоси як тавофуқи шифоҳӣ сурат гирифта буд. Вай афзуд, мавсуф барои консерт 5 ҳазор доллар талаб кард, аммо азбаски чунин имконияти молӣ набуд, гуфтем, ки туро норозӣ нахоҳем кард ва ӯ ризояташро дод: «Баъд аз ин реклама пахш шудан гирифт. Пас аз се рӯз ба ТВ «Пойтахт» як муфаттиш омад ва гуфт, ки аз болои шумо-Шоираи Раҳимҷон ба мо шикоят омадааст барои бо мақсади ғаразнок пахш кардани рекламаи бардурӯғ, ки аз 16 ҳазор сомонӣ то 2 соли маҳрумият аз зиндонро пешбинӣ мекунад».

Ин баҳс, ки як соли пеш оғоз шуда буд, то қариб як сол дур аз расонаҳо монда буд. Ҷонибҳо ҳеҷ намехостанд, ки он рӯи сафҳаи расонаҳо пайдо шавад. Ду нашрия бар пояи овозаҳо ин баҳсро ба миён кашиданд, аммо агар як ҷониб суҳбат мекард, ҷониби дигар вокунише нишон намедод. Ин ҷониб худи Баха-84 буд.

Шоираи Раҳимҷон
Шоираи Раҳимҷон
Бахтиёр Қосимов, маъруф ба Баха-84 мегӯяд, ҳоло ҳам майли дар ин баҳс ширкат карданро надорад ва ба хотири аз миён бурдани сӯитафоҳумҳо дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфтаҳои масъули ТВ «Пойтахт»-ро рад кард. Вай гуфт, ҳеҷ гуна тавофуқ миёни ӯву Шоираи Раҳимҷон вуҷуд надошт ва он чӣ ӯро нороҳат карда буд, ин буд, ки бидуни огоҳии ӯ номашро ТВ «Пойтахт» истифода кард: «Ман умуман хабар надоштам, ки консерт монданиянд. Ҳатто ба ман туҳмат карданд, ки гӯё 5 ҳазор доллар талаб карда бошам. Дуввум, даъвои ман бо телевизион буд, на Шоираи Раҳимҷон. Барои ман ҳам номаълум монд, ки чаро ӯро ба миён андохтанд».

Бахтиёр Қосимов, ё Баха 84-и 25-сола чеҳраи маъруфтарини рэп дар Тоҷикистон мебошад ва дар гузашта корманди радиои «Ватан» низ буд, ки гоҳ-гоҳ дар сархати ахбори ҳангомавии расонаҳо пайдо мешавад. Соли гузашта дар Душанбе овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст, дар ҳоле ки ӯ дар Дубай машғули сабти клип буд.

«Пойтахт», телевизиони ҳукумати шаҳри Душанбе аст, ки аз соли 1997 фаъолият дошт, аммо даврони фаъол ва ба пахши 18-соата гузаштанаш ба се моҳи ахири соли 2012 ва ибтидои соли равон рост меояд. Моҳи феврал пахши ин телевизион «ба далоили техникӣ» қатъ шуд ва бархе ҳам ҳадс заданд, ки маҳбубияти он дар миёни ҷомиа ба доираҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон, бахусус дар арафаи интихоботи президентӣ писанд наомад.

Баха-84 ва масъулини «Пойтахт» мегӯянд, аз идомаи баҳс, ки ниҳоят то Додситонии кулли Тоҷикистон расид, худдорӣ мекунанд, зеро дигар машғули эҷоди таронаву таҳияи барномаҳо ҳастанд ва дигар вақт надоранд.
XS
SM
MD
LG