Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бинои ройзании фарҳангии Эрон ба ҷои дигар мекӯчад


Ҳукумати пойтахт фаъолияти бинои дафтари ройзании фарҳангии Эрон воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 130-ро қатъ кард ва ба Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии фаннии Душанбе амр додааст, ки баҳои ин биноҳоро мушаххас кунад. Сомонаи ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми декабр хабар дод, ки тибқи қарори ҳукумати пойтахт аз 29 ноябри соли равон дар бораи қатъи ҳуқуқи истифодаи замин ва соҳибмулкӣ ва ҷуброни зарар аз бартарафсозии квартираҳо, ниҳодҳои зидахлро вазифадор кардааст, ки қимати биноҳои истиқоматии 2-ошёнаи «Маркази савдо» ва бинои маъмурии мансуб ба ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон, воқеъ дар хиёбони Рӯдаки дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи тиббиро мушаххас кунанд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе КВД «Оид ба нархгузорӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки баҳои ин биноҳоро мушаххас кунанад ва дар ивази он дар гӯшаи дигари пойтахт бо манзил таъмин карда шаванд. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки дар ивази биноҳои истиқоматию маъмурии хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Говоров, 4 дар рӯ ба руи Донишгоҳи тиббӣ, иншооти «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, бо бунёди маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата сохта хоҳад шуд. Як намояндаи ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ройзании фарҳангии сафорати Эрон метавонад дар гӯшаи дигари пойтахт дафтари худро боз кунад ва ба фаъолияти худ идома диҳад.
XS
SM
MD
LG