Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷароҳиҳои ройгони пизишкони тоҷик дар навоҳии дурдастарини Тоҷикистон


Профессорони Донишгоҳи тибби ва пажуҳишгоҳи такмили ихтисоси Вазорати тандурустӣ дар доираи як амалиёти "Корвони саломатӣ" дар навоҳии дар ноҳияҳои Панҷ ва Қумсангир 27 ҷароҳии ройгон барои ҳифзи саломатии сокинони инҷо анҷом додаанд.

Фотима Ғоибова, сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар диораи амалиёти «Корвони саломатӣ»-беш аз 25 ҷароҳии вазнин барои ҳифзи саломатии сокинони ноҳияи дурдустарини Панҷу Қумсангир анҷом додаанд, ки ҳамаи ин амалҳо бо мувафақият сурат гирифтааст.

"Прфесорони донишгоҳи тиббӣ ва пажуҳишгоҳи такмили ихтисос Ҷамол Аҳмадов, Абдувалӣ Раззоқов, Саидилҳом Аҳмедов ва Исматулло Нусратуллоев дар ноҳияи Панҷ 12 нафар ва дар Қумсангир 15 нафарро ҷарроҳӣ намуданд, ки чаҳор амали ҷароҳии таъҷилиро дар шаҳри Қурғонтеппа анҷом доданд", зикр кард Фотима Ғоибова.

Ба қавли хонум Ғоибова агар ин сокинони навоҳӣ дар пойтахт ҷароҳиҳои худро анҷом медоданд танҳои барои харҷи роҳ 400 сомонӣ сафар мекараданд.

Аксари ҷарроҳишудаҳо аз бемории меъда ва вуҷуди санги гурда дар бадани худ ранҷ мебурданд.

Маҷмуъан тайи чанд рӯз ба беш аз се ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои Панҷу Қумсангир кӯмаки тиббӣ расонида шудааст, ки дар амалиёти "Корвони саломатӣ" беш аз 50 нафар мутахассисон, аз ҷумлаи профессорону устодони Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ва Донишкадаи баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон, роҳбарону мутахассисони муассисаҳои кишвар ба шаҳрвандон хизматрасонии тиббиро ба таври ройгон ба роҳ монданд.

Қаблан пизишкҳои Донишгоҳи тиббӣ дар доираи "Корвони саломатӣ" дар соли 2010 ба навоҳии дурдаст омада буданд.
XS
SM
MD
LG