Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Украина аз мардум маъзарат хост


Микола Азаров, нахуствазири Украина гуфт, ки ҳукумат аз мардуми кишвараш барои истифодаи зӯр алайҳи тазоҳургарони тарафдори ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупо узр мехоҳад. Рӯзи ҷумъаи гузашта, маъмурони пулис бо калтаку гази ашковар садҳо тазоҳургарро аз маркази Киев пароканда карданд ва дар натиҷа чандин нафар захм бардоштанд. Айни замон дар ин шаҳр ҳазорон нафар дар баробари бинои порлумон ҷамъ омадаанд, ки дар он аст, масъалаи эълони адами эътимод ба ҳукумат баррасӣ шуд. Мухолифони давлат дар порлумон хостан, ба далели имзо накардани аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо ба ҳукумати Украина раъйи адами эътимод дода шавад, вале аксарияти вакилон ин пешниҳодро рад карданд. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ин аҳдномаро ҳафтаи гузашта имзо накард ва хашми тарафдорони ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупо ва тазоҳуроти азимеро барангехт, ки баъди инқилоби норанҷии соли 2004 дар Украина мушоҳида нашудааст. Бо вуҷуди авҷ гирифтани тазоҳурот, қарор аст Виктор Янукович, имрӯз барои дарёфти кӯмаки молӣ ба Чин сафар кунад. Дар ҳамин ҳол, Микола Азаров, нахуствазири Украина, гуфтааст, дар тазоҳуротҳо дар Киев ва дигар гӯшаҳои кишвар, “тамоми аломатҳои табаддулоти давлатӣ” дида мешавад. Ҳукумати Амрико гуфтааст, ки тазоҳуроти мусолиматомез “талош барои табаддулоти давлатӣ” нест.
XS
SM
MD
LG