Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Украина бӯҳрони сиёсиро баррасӣ мекунад


Порлумони Украина имрӯз масъалаи раъйгирӣ дар бораи радди салоҳияти ҳукуматро баррасӣ мекунад. Мухолифони давлат дар порлумон мехоҳанд, ба далели имзо накардани аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо ҳукумати Украина радди салоҳият шавад. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ин аҳдномаро ҳафтаи гузашта имзо накард ва хашми тарафдорони ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупо ва тазоҳуроти азимеро барангехт, ки баъди инқилоби норанҷии соли 2004 дар Украина мушоҳида нашудааст. Бо вуҷуди авҷ гирифтани тазоҳурот, қарор аст Виктор Янукович, имрӯз барои дарёфти кӯмаки молӣ ба Чин сафар кунад. Ӯ рӯзи душанбе ба Хосе Мануэл Бароссо, раиси Кумиссиёни Аврупо занг зада ва хостааст, ки музокирот дар бораи имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ аз сар гирифта шавад. Дар ҳамин ҳол, Микола Азаров, нахуствазири Украина, гуфтааст, дар тазоҳуротҳо дар Киев ва дигар гӯшаҳои кишвар, “тамоми аломатҳои табаддулоти давлатӣ” дида мешавад. Ҳукумати Амрико гуфтааст, ки тазоҳуроти мусолиматомез “талош барои табаддулоти давлатӣ” нест.
XS
SM
MD
LG