Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд. Ҳабси марде, ки писарашро ба гарав гирифт


Додгоҳи вилояти Суғд мардеро, ки ҳамсари худро корд зада, писарашро гаравгон гирифта буд, ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Файзиддин Розиқов, додраси додгоҳи Суғд ва раиси мурофиаи ин парванда ба радиои «Озодӣ” гуфт, додгоҳ Ӯткир Шерматов, сокини 37-солаи шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ)-ро барои қасди одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, нақзи дахлнопазиирии манзил ва қасдан несту нобуд кардани амволи ғайр, гунаҳкор донист.

Ба гуфтаи додгоҳ, Шерматов шоми 31-уми июл дар пайи муноқишаи оилавӣ ҳамсараш Дилдора Қушматоваро зери зарбу лат кашида, ба дасту сутунмуҳраи ӯ ду корд зад. Баъди он ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба назди хонааш ҳозир шуданд, ӯ ба гулӯи писараки 9 солааш Беҳрӯз корд монд ва ӯро ба гарав гирифт. Шерматов шарт гузошт, ки агар мақомот ба вай туфангчаеро бо ду тир ҳозир накунанд, писарашро дар пеши назари онҳо ба ҳалокат мерасонад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00
Линки мустақим


Шерматов гумон бурдааст ҳамсараш аз захмҳои корд ҷон додааст ва мехост худро бо туфангча ба ҳалокат расонад. Вале Дилдора Қушматова ба ҳуш омад ва аз тиреза берун парида, худро наҷот дод. Пас аз 7 соат, вақте, ки табибон ӯро ба шавҳараш нишон доданд, падар фарзанди худро раҳо кард ва ба дастаи таъиноти махсуси пулис таслим шуд.

Ин нахустин ҳодисаи гаравгонгирии фарзанди хурд аз ҷониби ҷониби падар дар вилояти Суғд буд, ки дар миёни сокинон сару садоҳои зиёдеро ба думбол дошт. Барои наҷоти кӯдак, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукумати шаҳри Истиқлол тӯли 7 соат талош карданд.

Куштор ва сӯиқасд ба ҷони одамон аз ҷиноятҳои вазнинест, ки соли равон дар минтақаи шимолии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш доштааст. Бино ба маълумоти раёсати корҳои дохилии Суғд, дар 10 моҳи аввали соли равон дар ин минтақа 39 куштор рух додааст, дар ҳоле, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 10 адад камтар буд.

Уткир Шерматов қаблан дорбози сирки оилавӣ буда, замони содир кардани ҷиноят мехостааст барои кор ба Русия сафар кунад. Ӯ дар соли 1997, замони адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ бо ҷурми "фирор аз қисми низомӣ бо мақсади саркашӣ аз адои хидмат" мутобиқи банди 257 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (аз соли 1961) аз ҷониби додгоҳи низомии Суғд ба муддати як сол зиндонӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG