Пайвандҳои дастрасӣ

Манзилҳои сокинони Душанберо комиссия тафтиш мекунад


Бо супориши раиси шаҳри Душанбе давоми ду ҳафта манзилҳои сокинони пойтахтро комиссия тафтиш карда, вуҷуд доштани паррандаву чорвои хонагиро ошкор мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе, рӯзи 2-уми декабр Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ ба масъулон супориш додааст, ки барои аз ҳудуди пойтат баровардани ҳайвоноти хонагӣ манзилҳои шахсии сокинонро гашта натиҷаи онро тавассути телевизиони “Пойтахт” намоиш дода мешавад. Ҳамчунин мақомоти қудратӣ муваззаф шудааст, сокиноне, ки ин қонунро риоя намекунанд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Тибқи қонун «Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон» парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе манъ аст.
XS
SM
MD
LG