Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду духтари тоҷик бо гаравгонгирҳои худ дар Афғонистон издивоҷ кардаанд


Дар натиҷаи амалиёти муштараки нируҳои интизомии Тоҷикистону Афғонистон дар як рустои марзии Афғонистон ошкор шуд, ки ду духтари тоҷик гаравгони қочоқчиёни маводи мухаддир шудаанд.

Бозмуҳаммади Аҳмадӣ-муовини вазири корҳои дохилаи Афғонистон 2 декабр дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ин амалиёт соли гузашта анҷом гирифтааст ва бозпурсии духтарҳо нишон додааст, ки онҳо бар ивази маводи мухаддир нахуст ба гарав бурда шудаанд ва сипас бо гаравгонгирҳои худ, яъне афғонҳо издивоҷ кардаанд. Дар бозпурсӣ духтарҳо гуфтаанд, ки гӯё бо хоҳиши худ бо ин мардон арӯсӣ кардаанд.

Бозмуҳаммади Аҳмадӣ мегӯяд, духтарҳо нахостанд ба Тоҷикистон баргарданд ва дар Афғонистон монданд. Ин изҳорот дар як нишасти матбуотие дар Душанбе садо дод, ки дар поёни ҳамоиши серӯзаи масъулини мубориза бо маводи мухаддири 12 кишвар, аз ҷумла СММ ва Иттиҳоди Аврупоро баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG