Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як афсари марзбони Озарбойҷон дар марз бо Эрон кушта шуд


Як афсари нируҳои марзбонии Озарбойҷон дар тирандозие дар марз бо Эрон кушта шуд. Боку мегӯяд, ки ин ҳодиса шоми рӯзи якшанбе дар вилояти Ленкоран дар ҷануби кишвар рух додааст. Ин тирандозӣ баъд аз он рух додааст, ки чанд нафар дар мошине талош кардаанд аз қаламрави Эрон ба хоки Озарбойҷон бигзаранд.

Саргурд ё майёр Мақсуд Нагиев 30 сола буд ва дар ин тиандозӣ кушта шуд. Ду афсари дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар бораи ин ҳодиса ҷузъиёти дигар дода намешавад. Муддате пеш баъд аз як тирандозӣ дар марзи миёни ин ду кишвар дар минтақаи марзии Нахҷевон муваққатан чанд гузаргоҳи марзӣ баста шуд.
XS
SM
MD
LG