Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табибе, ки дар ифшои Бен Лоден кӯмак кард, шароит мехоҳад


Шакил Афридӣ

Шакил Афридӣ

Табиби покистонӣ, ки дар пайдо кардани Усома Бен Лоден ба кормандони кашфи Амрико, яъне CIA кӯмак карда буд, хостааст, ки вайро ба зиндони дорои шароити беҳтар интиқол диҳанд. Самиулло Афридӣ-вакили мудофеи Шакил Афридӣ рӯзи якшанбе гуфт, зерҳимояаш ба вай номае фиристодаст ва аз шароити худ изҳори норизоятӣ кардааст.

Афридӣ, ки дар зиндоне дар Пешовар нигаҳдорӣ мешавад, тақозо намудааст, ки ба вакили мудофеи худ дастрасӣ дошта бошад ва мунтазам бо аъзои хонаводааш мулоқот кунад. Вай ҳамчунин тақозо кардааст, ки амният дар зиндон тақвият дода шавад.

Шакил Афридиро нируҳои вижаи Амрико баъд аз куштори Усома Бен Лоден дар моҳи маи соли 2011 боздошт карда буданд. Вай соли гузашта барои узвият дар гурӯҳи тундравҳои Лашкари Ислом ба 33 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG