Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҷонибдорони раиси пешини порламон дар Ӯш


Аҳмадбек Келдибеков
Аҳмадбек Келдибеков
Рӯзи душанбе ҳазорон нафар ҷонибдорони Аҳмадбек Келдибеков-раиси пешини порламони Қирғизистон ба дафтари раиси вилояти Ӯш ҳамла бурданд. Эътирозгарон раҳоии Келдибековро талаб мекунанд. Тақрибан 20 нафари эътрозгарон савори асп буданд. Пулис нагзошт эътирозгарон бинои вилоятиро тасарруф кунанд.

Келдибеков зодаи Ӯш аст ва моҳи гузашта боздошт шуда буд. Ҳоло вайро барои суистифода аз мақом дар давраи фаолияташ дар Бунёди иҷтимоии давлатӣ ва дар Хадамоти андоз муттаҳам медонанд.

Татяна Чилникина-вакили мудофеи Келдибеков ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи душанбе Лолгоҳи шаҳри Бишкек ҳукми додгоҳи як ноҳияи пойтахтро тағир надод ва Келдибеков то 19 январ дар боздошт хоҳад монд.

Келдибеков узви ҳизби мухолифи Ата Жорт мебошад. Вай солҳои 2010-2011 раиси порламони Қирғизистон буд.
XS
SM
MD
LG